ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ФАЗОИ НАВИ МАОРИФ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ» ДАР ТОШКЕНТ

28 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид.

Форум бо мақсади таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия, густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ баргузор гардид. Дар он вазирони маорифи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои зикршуда иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Гулназарзода Жило дар ин Форум дар мавзуи “САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК ВА РОҲҲОИ АМАЛИСОЗИИ ҲАМКОРИИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР БАХШИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲО” баромади пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои муҳим дар самти маориф ва илм намуд.

Дар Форум миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.