ҚОНУНИ АСОСӢ ДАР ХИДМАТИ СУЛҲУ СУБОТИ ВАТАН

Сулҳ ва субот барои ҳар як миллат арзиши бебаҳо мебошад. Мардуми тоҷик, ки дар аввали солҳои навадуми асри гузашта душвориҳои ҷангро аз сар гузаронд, ин арзишро беш аз ҳар каси дигар эҳсос мекунад. Дар ҳамин рӯзҳои сангин Конститутсия ҳамчун асоси ҳуқуқии давлати нав ва заминаи оромии ҷомеа қабул гардид. Акнун ҳар сол 6 ноябр мардуми тоҷик Рӯзи Конститутсияро таҷлил мекунад. Ин ид барои мо танҳо санаи тақвимӣ нест. Он хотирнишон мекунад, ки сулҳу оромӣ ва ягонагии имрӯзаи мо бо кадом душвориҳо ба даст омадааст.

Хушбахтона, мо дар ҳамаи соҳаҳо комёбиҳои ифтихорангез дорем. Сарчашмаи ин муваффақиятҳо қонунпарастӣ ва арҷгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Равшан аст, ки дар ҳар ҷо, ки қонун эҳтиром карда шавад, дар он ҷо ҳатман пешравӣ, осоиш ва ободкорӣ ҳам хоҳад буд. Мо бояд минбаъд ҳам Конститутсияро сармашқи кору рӯзгори худ кунем.

Аввали солҳои навадуми асри гузашта, баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ, кишвар давраи сахтро аз сар гузаронд. Низои дохилӣ, буҳрони иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ мавҷудияти давлатро зери хатар монд. Ҳазорон оила хонаву ҷояшро тарк кард. Мардум аз ҳама бештар ба оромӣ ниёз дошт.

Дар чунин рӯзҳои мураккаб, 6 ноябри соли 1994, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Қабули он бо овози бевоситаи мардум нишон дод, ки халқ сулҳ, ягонагӣ ва давлатдории қонунбунёдро интихоб кардааст. Ин санад барои барқарор кардани низоми ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти давлатӣ замина гузошт.

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Ҳар яке аз ин принсипҳо ба таҳкими оромии ҷомеа мусоидат мекунад. Ягонагии давлат тамомияти арзии кишварро ҳифз менамояд.

Қисми муҳими Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад таҳсил кунад, кор кунад, истироҳат намояд, аз ҳифзи тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ баҳра барад ва дар идораи давлат ширкат варзад. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд, занону мардон ҳуқуқи якхела доранд, оила, модарӣ ва кӯдакӣ таҳти ҳимояи давлатанд.

Ҳамзамон, шаҳрвандон низ вазифадоранд: риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, пардохти андоз, ҳифзи Ватан, ғамхорӣ дар бораи фарзандон ва волидон, ҳифзи табиат ва мероси фарҳангӣ. Ҳуқуқ ва вазифа бо ҳам алоқаманданд ва танҳо мувозинати онҳо субботи ҷомеаро таъмин мекунад.

Сулҳро танҳо қонун ва ҳокимият ҳифз карда наметавонад. Ин вазифаи ҳамагон аст. Оилае, ки фарзандонашро ба қонун ва арзишҳои миллӣ эҳтиром меомӯзонад, муаллиме, ки меҳри Ватанро дар дили хонандагон мепарвард, коргару кишоварзе, ки ҳалолона меҳнат мекунад, ва ҷавоне, ки ба ақидаҳои ифротӣ тоб намеорад, ҳама ба оромии Ватан саҳм мегузоранд.

Хусусан, ҷавонон бояд таърихи кишварро хуб донанд ва арзиши сулҳро дарк кунанд. Омӯзиши Конститутсия дар мактабу донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва васоити ахбор яке аз роҳҳои муассири тарбияи шаҳрвандони огоҳ мебошад. Муҳим он аст, ки Конститутсия на танҳо аз ёд карда шавад, балки мазмуни он фаҳмида ва дар амал татбиқ гардад.

Ва як чизи муҳимро ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки Конститутсия матни хушки ҳуқуқӣ нест. Он аз таҷрибаи талхи таърих ва орзуи мардум оид ба зиндагии осуда сарчашма гирифтааст. Сулҳ ва ягонагӣ неъматҳое мебошанд, ки ба даст овардани онҳо душвор, вале аз даст додани онҳо осон аст. Яъне, Конститутсия моро водор мекунад, ки ба қадри ҳар як лаҳзаи умр ва имкони дастдода бирасем, то ки ҳиссае ба ободии Ватани муқаддаси худ бирасем.

Акрамзода Нӯшервон, муаллими калони кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо