Забони тоҷикӣ дар масири таърих ва муколамаи тамаддунҳо

22 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забони тоҷикӣ ҳамчун пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар фазои ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

Дар конференсия ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, мудири шуъбаи лексикография ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, узви вобастаи АМИТ, профессор Сайфиддин Назарзода, бунёдгузори “Лоиҳаи афсонаҳои тоҷикӣ” Заррина Раҳмон, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳира Мирзоева, муҳаққиқи голландии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Азизӣ Башир, устоди Донишгоҳи шаҳидмадании Озарбойҷон дар шаҳри Табрези Эрон Фотима Меҳрпуё, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Назрӣ Офаридаев ва дигар олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ба таъсири мутақобилаи забонҳо, омезиши фарҳангҳо сухан карда, забони тоҷикиро ҳамчун забони таърихӣ ва пайвандгари фарҳангу тамаддунҳо дар фазои ҷаҳонишавӣ номид.

Дар идома, профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзуи “Вожаи тоҷик ва забони бохтарӣ”, бунёдгузори “Лоиҳаи афсонаҳои тоҷикӣ” Заррина Раҳмон дар мавзуи “Нақши филмҳои тасвирӣ дар ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ”, профессор Моҳира Мирзоева оид ба “Таъсири мутақобилаи забонҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамчунин, муҳаққиқи голландии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Азизӣ Башир перомуни мавзуи “Инъикоси воқеияти миллии тоҷикӣ тавассути калимаҳо дар фарҳанги англисзабонон”, устоди Донишгоҳи шаҳидмадании Озарбойҷон дар шаҳри Табрези Эрон Фотима Меҳрпуё ва профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Назрӣ Офаридаев оид ба бузургии забони тоҷикӣ ва мероси пурғановати адибони форсу тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар поёни конференсия аз тарафи раёсати Донишгоҳ ба иштирокдорон сертификат тақдим карда шуд.