Дар хобгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти судманди намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Давронзода Ҷонибек ва Манучеҳр Мирсаидов намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсати табрияи Донишгоҳ Дорошоҳ Кабирзода, мудири шуъба кор бо ҷавонони Донишгоҳ Шохрух Гадозода бо донишҷӯёни хобгоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Мақсад аз доир намудани мулоқоти мазкур дӯстдории ватан, эҳтиром гузоштан ба падару модар, арзишҳои миллӣ, омӯзиши илмҳои муосир, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ мебошад.

