Тибқи нақшаи чорабинишҳои раёсати тарбияи Донишгоҳ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна амал ва кирдорҳои номатлуб ва ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои донишгоҳӣ, бо иштироки донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус, дар хобгоҳ мулоқоти судманд доир гардид.
Дар мулоқот сардори Раёсати тарбия Дорошо Кабирзода, декани факултети забон ва адабиёти рус Шаҳло Ҳасанзода, мудири бахши занону духтарон Маҳбуба Иззатуллоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин атрофи тартибот, тозагӣ, риояи реҷаи муайяншудаи хобгоҳ, истифодаи вақт ва босамар гузаронидани даврони таҳсил суҳбат карданд. Таъкид шуд, ки аз китобхонаи дар хобгоҳ буда, самаранок истифода намоянд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намоянд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар қатори маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчунин, як қатор маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ба фаъолият шуруъ намудааст, ки донишҷӯён имкон доранд, ки дар ин маҳфилҳо дониш ва ҳунари худро сайқал диҳанд.

