ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 7 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.

Ректор Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, вобаста ба дастгириҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар сухан кард.

Ҳамзамон таъкид кард, ки бояд омӯзгорон ҷавобан ба ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро ба руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми гузор бошанд.

Дар идомаи чорабинии бошукуҳ барномаи фарҳангии омодакардаи кормандону омӯзгорони соҳибистеъдоди Донишгоҳ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони собиқадор, ки солҳои зиёд дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор буданд, туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Ҳамчунин омӯзгорони ҷавони Донишгоҳ, ки дар Ҷашни бошукӯҳи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор буданд қадрдонӣ гардиданд.