Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Пешаи омӯзгорӣ яке аз касбҳоест, ки махсусиятҳои худро дорад. Агар кас бо дили софу беолоиш ва бо ҷиддияти том ба ин касб шуѓл варзад ва ин пешаро дӯст дораду қадру манзалати онро эҳтиром намояд, худ сазовори обрӯву эътибори хоса мегардад.
Дар олами объективӣ агар барои эҳёи табиат ва сабзпӯш намудани замин фасли баҳор лозим бошад, пас барои рушду ташаккули инсон, омӯзгор худ рамзи баҳор аст. Аз замонҳои қадим донишмандон нисбат ба омӯзгор ҳурмату эҳтироми бепоён дошта, ҳангоми ба мушкилот рӯбарӯ омадан ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои омӯзгор шахси хирадманду пажуҳишгар ва равшанзамиру боадолатро медиданд. Бо сароҳат гуфта метавонем, ки ин анъанаи фарҳангӣ тариқи силсилаи наслҳо дар ҳолати ташаккулёбӣ то замони мо расида, дар замони Истиқлол то дараҷае арзиш пайдо кардааст, ки ба мафҳуми омӯзгор – таълим додан, тарбият кардан, ба роҳи рост ташвиқ кардан, сарпараст будан ва созандагию ободкориро роҳнамоӣ кардан, тавъаманд. Ин ҷойгоҳ ва манзалати хосаи омӯзгор бевосита дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ӯ шахсияти омӯзгорро дар ташаккули андешаи миллӣ муқаддам медонад ва суботи ҷомеаи шаҳрвандиро аз таълим ва тарбия вобаста дониста, мегӯяд: “Фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: Таълим ва тарбия, ин ду самт ба ҳамдигар пайвандии узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин ду пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад”.
Маҳз ин гуфтаҳо таъкид бар бунёди зеҳни таъсиргузори омӯзгор равона шуда, аз ҷойгоҳи баланди ӯ шаҳодат медиҳанд.
Чун мебинем, ки шоистагӣ муносиби омӯзгори ҳақиқӣ аст, хуб мешуд, ки ҳамаи омӯзгорон пеш аз ҳама дар муносибату муошират намунаи ибрат бошанд ва дар такя ба иқтидори зеҳнӣ саволу супоришҳо ва масъалагузориҳои иҷтимоиро тақвият бахшанд. Ба низоми ягона даровардани ин гуна фаъолиятҳо кори саҳл нест, он масъулиятро талаб мекунад. Аз ин ҷост, ки пешаи омӯзгорӣ масъулият аст ва бояд амалишавии он аз рӯйи виҷдон татбиқ шавад, то ки шогирдон низ бо виҷдону масъулиятшинос ва бо виқор ба воя расанд.
Ташаббусҳои пайвастаи омӯзгори нуктасанҷ метавонад фазои солимро ба вуҷуд орад. Фазоеро, ки майлу ҳаваси шогирдонро ба донишомӯзӣ бедор созад ва чунонки шоир мегӯяд ба тадриҷ ҷаҳонбинии онҳоро густариш бахшад:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Агар ба саҳифаҳои таърих жарфтар фуру равем, дармеёбем, ки нахуст ҳар инсон, новобаста аз ҷинсият, миллат ва кеши худ суннату анъанаҳо ва донишҳои иктисобиро аз омӯзгор мегирад. Аз оне, ки омӯзгор дар пайи дарки маънӣ пайваста мекӯшад, ҳамеша машѓули ѓун кардани беҳтарин донишу таҷриба шабашро дар рӯйи китоб рӯз менамояд, то ки самараи таҷрибаи ҳаёташ сармашқи зиндагии шогирдону пайравонаш бошад. Чунин заҳматҳои пайваста ва содиқонаи омӯзгор ба инобат гирифта шуда, ҳамасола рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешвад. Албатта, ҷашни Рӯзи омӯзгор ин ҷашни дилбохтагони илму маърифат аст.
Рисолати омӯзгор, ки сӯхтану сохтан аст, таҷлили рӯзи омӯзгор ба тавонмандии ӯ қудрате зам менамояд, то ба василаи сӯхтанҳояш оламро мунаввар кунаду бо сохтанҳояш ҷаҳонро гулбасар созад. Омӯзгор будан баҳри ояндаи пурнишоти миллат аз худ гузаштану ҷонфидо будан ва муҳаббатро сутуни дил қарор додан, шогирдонро болу пари он донистан ва асоси он зиндагии осоиштаро барпо кардан аст.
Дар баробари дониши густурдаю тафаккури таҳлилӣ омӯзонидан, омӯзгор ба шогирдону атрофиёни хеш тавозуъ, сабр ва қаноатмандиро ҳамчун хислатҳои накуи инсонӣ парвариш медиҳад, то пажуҳандаи маърифат мусаллаҳу варзида гардида, мушкилоти равандҳои иҷтимоиро ба низом дароварда, зиндагии босаотадро сазовор бошад. Ин шоистагӣ боис мегардад, ки фикру андешаи омӯзгори воқеиро сарфи назар аз шуғлу пеша ва омолу андешаи хеш, дигарон чун далелу бурҳон барои қабулу рад, ва тақвияти панду андарзи мусоҳиб ба сифати ҳикмати рӯзгорон ба кор мебаранд.
Муҳаққиқону пажуҳишгарон дар пайи кашфи асрори ниҳонӣ ва маъниҳои каломи муъҷизасони илм умри худро сарфа месозанд. Дар ин росто, омӯзгорон ба ҳар мартабае, ки мерасанд, маҳз бо шарофати илмдӯстиву донишандӯзӣ ва иродатмандию хайрандешӣ будааст. Бо интихоби ин рисолат, албатта, роҳи тулонию доманадорро онҳо тай мекунанд ва ба ин васила, дар жарфноӣ таърих ҳамчун абармардони ватандӯст ҷовидона ёдоварӣ мешаванд. Бешак, ба ин масъалаи мубрам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳояш дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа суханронӣ намуда, бо тафсиру тавсифи доманадор мақому ҷойгоҳи беназири омӯзгорони кишварро меситоянд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод – омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.
Пас, бо ин ҳама талошу заҳматҳо, омӯзгор бояд дар байни қишрҳои ҷомеа ҷойгоҳи хоса дошта бошад. Хушбахтона дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мақому манзалат ва нақши омӯзгор ба маротиб афзудааст. Дар ин самт корҳои шоистае аз ҷониби ҳукумати кишвар, хусусан роҳбари давлат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда, ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, мудом ин амали нек амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат баҳри пешрафти кори омӯзгор ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо ба назар мерасанд. Масалан, ҳамасола афзоиши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон ба он хотир аст, ки омӯзгор ҳавасманд гардад ва донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии омӯзандагонро густариш бахшида, ба рӯзгори ҷомеа хушбахтӣ зам намояд. Агар омӯзгор бо пайравӣ ба ин моҳияти аз бароҳин густурдашуда содиқ монад ва ин ғамхориҳоро бо масъулияти баланд ҳазм намояд, шахсияте эътироф мешавад, ки муҳтавои андешааш ба фикру андешаи ҷомеа таъсиргузор буда, ҳамчун абармарди воқеӣ дар таърих боқӣ мемонад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки сарчашмаи ҳама пешаҳо пешаи омӯзгорист. Чунонки муаллифи “Футувватномаи Султонӣ” қайд мекунад: “Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад”.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Мусаллам аст, ки омӯзгори воқеӣ қувватбахшандаи неруи зеҳнии инсон буда, ба василаи маърифат, ақлу хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзи саршор аз муҳаббату маънӣ шахсро ба камолот мерасонад. Аз ин бар меояд, ки ин гуна корҳоро анҷом додан осон нест ва кори ҳар кас ҳам буда наметавонад, аз ин рӯ, касби омӯгорӣ шуғл буда наметавонад, он касбест, ки муҳаррикаш ишқ аст, чунонки Муҳаммади Риҷоӣ қайд кардааст: «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».
Албатта, роҷеъ ба кору пайкор ва фаъолияти омӯзгорони нуктасанҷ чи қадар сухани нек гӯем кам аст, зеро эшон дар ин ватани биҳиштосо хидмати зиёд кардаанд (карда истодаанд) ва мо дар ҳамин ҷо доир ба васфу ситоиши заҳмату машақатҳои шабонарӯзии онҳо иктифо мекунем ва хоҳиши онро дорем, ки ҳамеша сиҳату саломат бошанд ва дар хонадонашон ободиву осоиштагии рӯзгор пойдор бимонад ва аз забони шоири шаҳир – Ҳофизи Шерозӣ гуфтаниам, ки ОМӮЗГОРИ муҳтарам:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди бегазандад озурдаи газанд мабод.
Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оѓозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод.
Ҷашни Рӯзи омӯзгор муборак ҳамкасбон ва ҳамдиёрони азиз!
Сулаймонзода Баҳманёр, д.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии факултети забонҳои Аврупо.