Санаи 23 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Таъмини сифат ҳамчун дарвозаи таҳсилоти фаромиллӣ, байналмилалигардонӣ ва рушди малакаҳо» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Гулназарзода Жило, намояндаи тиҷоратии Британияи Кабир дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ Лорд Ҷон Алдердайс, сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои таъмини сифат, таҳкими эътимоди байналмилалӣ, рушди барномаҳои муштарак ва таҳсилоти фаромиллӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, рушди касбии омӯзгорон, шуғлпазирии хатмкунандагон ва истифодаи технологияҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи барномаи чорабинӣ, ректори донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило суханронӣ намуда, бо истифода аз рӯнамоӣ натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳро дар самти таълими забони англисӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони бритониёӣ муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, иштирок дар барномаи AELLCA, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Гринвич ва Вестминстер, раванди таъсиси Маркази Linguaskill дар ҳамкорӣ бо Cambridge University Press & Assessment ва истифодаи озмоишии платформаи Efekta Education ҳамчун натиҷаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ректори муассиса оид ба ташкили барномаи фарогири ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар самти таҳсилоти забони англисӣ пешниҳод манзур намуд.
Иштирок дар мизи мудаввар барои муаррифии иқтидори Донишгоҳ, таҳкими робитаҳои мустақим ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ бо шарикони Британияи Кабир заминаи мусоид фароҳам меорад.


