МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ маҳфили илмии “Зеҳни расона” – и кафедра журналистика ва иттилооти рақамӣ дар мавзуи “Ҷавонон ва масъулияти ватандӯстӣ: Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳои иттилоотӣ” бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ Наврӯззода Доро, омӯзгорон, роҳбар, узви маҳфил ва донишҷӯёни курси аввали ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.

Мудири кафедра Наврӯззода Доро зимни баромад, таъкид намуд, ки рӯзноманигорони забондон масъулияти бузург доранд: онҳо бояд дастовардҳои миллӣ ва иқдомоти созандаву мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста инъикос намоянд.

Дар идома, омӯзгорони кафедра Зуҳриддин Умаров ва Гулчеҳра Сайфиддинова пиромуни рушди журналистикаи тоҷик, саҳми журналистон дар муаррифии дастовардҳои замони Истиқлол маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Маърузаҳо ва роликҳои омоданамудаи ҷолиби донишҷӯён – Нисорат Амирхудозода, Муҳайё Ғафурова ва Исмоилова Фарида, ки дар бораи нақши телевизион ва радио дар соҳибмаърифат гардонидани ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва нақши рӯзноманигор дар ҷомеа буд, фазои маҳфилро ғанӣ гардонид.

Дар фарҷом, роҳбари маҳфил Манонова Муслима ва аъзои “Зеҳни расона” вазифадор гардиданд, ки барои ҷалби донишҷӯёни соҳибистеъдоду забондон ва густариши фаъолияти маҳфил иқдомҳои нав андешанд.