Дар ҷаҳон халқҳои гуногун, миллатҳои зиёде мавҷуданд, ки баъзеи онҳоро шахс ҳатто дар тамоми умраш нашунида бошад, аммо ҳар як миллат фарҳанги беназир ва хосси худро дорад. Миллати мо ба адабиёту фарҳанги худ аз дигар милали ҷаҳон фарқ мекунад. Махсусан, шарқшиносии Ғарб ба интишори осори гузаштагони мо дар Аврупо ва бавижа, дар Русия замина мегузорад. Дар «Паёми бародарӣ: маҷмуаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои равобити адабии халқи тоҷик» (Вестник братства: сборник статей по вопросам литературных связей таджикского народа) соли 1972, рисолаи илмии Т.М.Голтс «К проблеме влияния таджикско – персидской литературы на русскую литературу 20-30-х г. XIX в.» (1980), Д.Х.Алимова «Восприятие и осмысление персидско-таджикской литературы русской критикой первой половины XIX в.» (1995); С.Л.Каганович «Восточный романтизм и русская романтическая поэзия» (1982); С.Л.Каганович «Русский романтизм и Восток» (1994); С.В.Сопленков «Российская общественная мысль первой половины XIX века о Востоке» (1998); Г.Д.Данилченко «Романтический ориентализм в русской литературе первой половины XIX века» (1999); Н.Чалисова, А.Смирнов «Подражания восточным стихотворцам: встреча русской поэзии и арабо-персидской поэтики» (2000); М.Б.Каменева «Исламские мотивы и образы в русской литературе 20-30-х годов XIX века» (2014); П.В.Алексеев «Восток и восточный текст русской литературы первой половины XIX века» (2015), Р.М.Сафиуллина «Восточные мотивы в русской поэзии конца XIX – начала ХХ века» (1992); Х.Шодиқулов, А.Давронов «Издревле сладостный союз…» (краткие очерки истории таджикско – русских литературных связей); Б.Р.Раҳмонов «Художественное своеобразие «восточной» повести в русской литературе первой трети XIX века (образы, тематика, первоисточники и проблемы перевода)» (2016) ва дигарон ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқони адабиёт ва тибқи осори илмии ин кишвар шоирони форсизабон дар Русия ба аксари чеҳраҳои бузурги адабӣ ва илмии ин сарзамин таъсири амиқ гузоштаанд. А.С.Пушкин, Н.Чернишевский, Л.Н.Толстой, С.Есенин, В.Г.Белинский, В.А.Жуковский ва ғайра борҳо дар ин масъала изҳори назар карда, муҳаббати махсус, самимият ва садоқати хосси худро ба шоирони бузурги форсизабон баён кардаанд. Бавижа, синтези динию фалсафии Л.Н.Толстой намунаи камназире аз омӯзаҳои динию ахлоқии ҷаҳонӣ аст, ки табиати дилхоҳ ҷаҳонбинии амиқро бо ҳам мепайвандад. Мунҳасир ба фард дар ҷомеа будани ин падидаи нав мустақиман ба ин далел иқтизо дорад, ки андешаи нав амалро бо тафаккур муттаҳид месозад ва Толстой мисли ҷуяндаи беқарор хостааст ҳақиқати вуҷуди ботинии инсонро амиқан, дарк кунад. Маҳз бо ҳамин хотир буд, ки нависанда ба афкори Мавлавӣ рӯ оварда, аз осораш барои хеш ғизои маънавӣ бардошт намудааст.
Нависанда бо осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ошно буд ва дар “Китоби хониш” («Круг чтения») ном асаре аз тамсилҳое ёдовар мешавад, ки ба қалами мутафаккири мутасаввиф тааллуқ дошта, муҳтавои онҳоро афкори ирфонӣ ташкил кардаанд. Тамсилҳои Мавлоно бо поварақи Толстой мутобиқат дошта, муҳтавои инчунин тамсил бисёр шабеҳ ба матни дафтари аввали “Маснавии маънавӣ” аст. Инак он поварақ: “Касе ки партави қудрати илоҳиро дар кучактарин чизҳои ҷаҳон ташхис медиҳад, марде бо дарки болову орзуҳои баланд аст. Чунин шахсе ба худ ва дигарон эҳтиром мегузорад ва аъмоли ночизро ба унвони мазоҳири қудрати илоҳӣ мебинад”.
Ба унвони мисол, шакли асосиро аз матни “Маснавии маънавӣ” меорем:
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае
Чанд гунчад? Қисмати якрӯзае.
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пур дурр нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Толстой матни “Найнома”, ки оғози “Маснавии маънавӣ” аст ва ҳикоятҳое аз қабили “Баҳси шубон бо Мӯсо”, ҳикояти “Фил” ва амсолашонро, ки муҳтавои ин Маснавиро ташкил мекунанд, дар асарҳои хеш овардааст. Ҷустуҷӯи Толстой ва ҳолати ботинии ӯ, ки аз умқи тафаккураш сарчашма гирифта, ба руҳу тавонаш малҳам мегардид, боиси ба тасаввуф таваҷҷуҳ намудани нависанда мегардад. Чунин қаробати Толстой ба осори мутафаккир ва ҳадафҳои ӯ дар роҳи дарёфти ҳақиқати асолати инсонӣ он қадар қарин буд, ки нависандаро дар Эрон ҳаммонанди Мавлонои Ҷалолуддини Балхӣ мехонанд ва андешаҳои ӯро бо ақоиди Мавлоно қиёс менамоянд. Муҳақкиқи эронӣ Муҳаммад Алии Нодушан, ки як қатор мақолаҳоро зери унвони «Толстой – Мавлавии даврони ҷадид» интишор менамояд, Толстой ва Мавлавиро дар як партав ва он ҳам дар рӯоварии онҳо ба масоили ваҳдату сулҳи башар баррасӣ кардааст.
Дар он муаллиф зикр мекунад, ки Толстой аз фарҳанги Шарқ таъсирпазир буд ва ваҳдати ақвоми Шарқу Ғарбро мақсади аввалинаш медонист. Чунин монандиро метавон дар ҳаёти шахсии ин ду мутафаккир дид. Худи Толстой аз осори Мавлоно огоҳӣ дошт ва вақте ки яке аз роҳибони муосираш Соловёв дар мактуб бозгашти ӯро ба калисо мехоҳад, Толстой бо овардани мисол аз «Маснавии маънавӣ» қонеъ мегардад. Ин ҳамон қиссаи Мӯсову Шубон аст, ки дар «Маснавӣ» дида мешавад.
Дар аввали асри ХХ Е.Ф. Корш, мусташриқи рус ба тарҷумаи филологӣ овардани мафҳумҳои асосӣ дар матн машғул мегардад. Асарҳои илмии Е.Ф. Корш оид ба филология, забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоӣ, славяншиносӣ, шарқшиносӣ, таърихи адабиёт ва ғайра то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Дар мавриди тарҷумаҳои осори форсии Е.Ф. Корш, А.Е. Кримский дар пешсухани китоби “Персидские лирики”, ки таҳти рақами И 466/439 дар ганҷинаи Китобхонаи миллии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст, зикр мекунад, ки «Тарҷумаи Ф.Е. Корш аз лиҳози сифат ва ворид намудани маънӣ аз тарҷумаи шоирони пешин фарқ мекунад».
Гарчанде ки ин асари ҷовидонаи Мавлавӣ нопурра ва танҳо дар қисматҳои пароканда тарҷума ва нашр шудааст, он тавонист таваҷҷуҳи дӯстдорони шоирро ба худ ҷалб кунад. Боиси зикр аст, ки дар китоби ишорашуда аз ашъори шоирони классикии форсу тоҷик Абусаиди Абулхайр, Хоқонӣ, рубоиёти Ибни Сино ва Хайём, порае аз “Маснавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз ғазалиёти Саъдию Ҳофиз ва аз ашъори Лутфуллоҳи Нишопурӣ тарҷума намудааст.
Дар пешсухани ин китоб Кримский роҷеъ ба хусусият ва мавзуҳои асосии адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ андешаронӣ намуда, заминаи асоси шеъри онро фарогири мафҳумҳои ирфонӣ донистааст. Ба андешаи ӯ, шавқмандони адабиёти форсӣ дар Русия бештар ба як паҳлуи эҷодиёти шоирони форсу тоҷик мутаваҷҷеҳ мегарданд. Масалан, рубоиёти Хайём ба онҳо он қадар писанд аст, ки ба рубоиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таваҷҷуҳ надоранд ва ё ин ки ҳарчанд Саъдӣ байни мардуми форс шуҳрат дошта бошад ҳам, аммо Ҷалолуддини Балхӣ бо истеъдод, бузургӣ дар шеъри суфия ва дар офариниши маънӣ аз Саъдӣ болотар аст.
Дар ин ҷо Кримский омили ба Қуния рафтани Мавлоноро бинобар ҳуҷуми муғулҳо ишора намуда, ҳамзамон, дар бораи ҷараёни бузурги Мавлавия ва баъзе хусусиятҳои он, ба мисли рақси мудаввар зимни садоҳои ғамангези найро (манзури ӯ рақси самоъ аст) дар он муҳим медонад”. Ӯ Мавлоно Ҷалолуддинро як пантеисти бузург донистааст: “Ҷалолуддин бештар тафаккури холис дорад. Дар ҳама ҷо дар ҷаҳон ӯ бо завқ Худои ягонаро мебинад; ӯ ошиқи Ӯст. Барои иттиҳод бо Ӯ, барои даст кашидан аз “Ман”, ӯ талош мекунад, ки фарқияти байни “Ман” ва “Мо”-ро аз байн барад”.
Ба қавли Кримский дар “Маснавӣ” Ҷалолуддини Балхӣ пас аз нақл кардани як ҳикоя, фавран шарҳ медиҳад, ки ин танҳо як масали ахлоқӣ аст, ки маънии он аз таълимоти ваҳдати вуҷуд ва зуҳди суфиёна сарчашма мегирад”
Воқеан, ду муҳаққиқи охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ Е.Ф.Корш ва А.Е.Кримский дар тарҷумаи баъзе достонҳои маснавӣ, рубоиёт ва ғазалҳои Румӣ қадаме ба пеш гузоштаанд. Дар китоби мазкур Е.Ф.Корш 104 рубоӣ ва қиссаи “Бозаргон, ки тӯтии маҳбус ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат” дар шакли кӯтоҳ тарҷима гардидааст.
Дар ин қисса масъалаҳои муҳимми ахлоқӣ, озодихоҳӣ ва рамзҳои ирфонӣ тасвир гардидааст. Ин қиссаи тамсилӣ мебошад, ки дар он бозоргон зимни сафар ба Ҳиндустон аз аҳли хонаводаву хизматгорон ва ҳам тутӣ пурсид, ки чӣ савғот мехоҳанд. Чун навбат ба тӯтӣ расид, гуфт, ки ба дӯстонаш пайғом расонад. Бозаргон ба Ҳинд расид ва паёми тӯтиро ба як тӯтии озод расонид. Ҳамон лаҳза тӯтии озод ларзиду аз ҳуш рафт ва бар замин афтод. Бозаргон аз рафтори худ пушаймон шуд, ки чаро чунин паём расонид. Бозаргон ба ватан баргашт ва тӯтии худро аз саргузашт огоҳ кард. Баробари шунидани ин хабар, тӯтии худи бозаргон низ дар қафас ларзиду беҷон афтод. Бозаргон ғамгин шуд ва ҷасади ӯро аз қафас берун партофт. Тӯтӣ баробари берун шудан аз қафас парид ва ба шохаи дарахт нишаст. Ин ҷо мунозираи тӯтӣ ва бозоргон оғоз мегардад. Е.Ф. Корш достонро ба пуррагӣ тарҷума намекунад ва ба таври кӯтоҳ рафтани бозаргон ба Ҳиндустон, дидори ӯ бо тӯтӣ, овардани хабари марги тӯтӣ ва ҳодисаи ба мурда дохтану бо ин роҳ раҳоӣ ёфтани тӯтӣ хотима мебахшад. Мусаллам аст, ки қафас рамзи тани одамӣ ва ҷаҳони моддӣ аст, ки руҳи озодаро маҳдуд кардааст. Поёни достон ҳам аз мунозираи тӯтӣ ва бозоргон таҳия гардидааст, ки чанд байти дохили он мазмуни суханҳои бозаргон ва тӯтиро ба таври кӯтоҳ ҷамъбаст намудааст. Дар мисоли:
Тутъ попугай купца наставилъ кое въ чем
И кончил: „Будь здоров! не свидимся потом.
Прощай, хозяин мой! ты добр и благороден:
По милости твоей я вновь теперь свободен.
Прощай, лечу туда, где родина моя.
Свободен некогда ты станешь так, как я”!
Хозяинъ отвечалъ: „Лети под Божьимъ кровом!
Сегодня о пути поведалъ ты мне новом”.
Аз матн маълум кардан мумкин аст, ки Корш қисматҳои дигари ин қиссаро сарфи назар намуда, фақат ба ҳодисаи бозаргон ва тӯтӣ аҳамият додааст. Аз пораи ҷамъбастӣ: “Видоъ кардани тӯтӣ хоҷарову паридан” мо фақат ду байтро дар ҷамъбасти ин қиссаи марғуб дида метавонем:
Як-ду пандаш дод тӯтӣ бе нифоқ,
Баъд аз он гуфташ: «Саломун, ал-фироқ».
Хоҷа гуфташ: «Фӣ амониллаҳ, бирав,
Мар маро акнун намудӣ роҳи нав».
Ҳарчанд ки достони мазкур кӯтоҳ ва бидуни руҷуъи дохилии матни асосӣ тарҷима гардидааст, аммо шавқу шӯри Мавлоно дар он ҳувайдо мегардад. Корш дар саргаҳи мутарҷимони “Маснавӣ” ба забони русӣ меистад ва хидмати асосии ӯ дар тарҷумаи бевосита мебошад.
Дар аввали асри ХХ1 аз ҷониби шарқшиносони Академияи илмҳои Русия, филиали дар шаҳри Петербург будаи он, эроншиносони шаҳрҳои Махачқалъа ва Рига бо роҳбарии Н.И. Пригарина тарҷумаи академии шаш дафтари Маснавӣ ба забони русӣ ба анҷом расидааст. Соли 2007 нашриёти шарқшиносии Санкт – Петербург тарҷумаи дафтари аввалин аз шаш дафтари шеърро (муҳаррир А.А.Хисматулин), ки 4003 байтро дар бар мегирифт, нашр кард. Мутарҷимони он О.Ф.Акимушкин, Ю.А.Иоаняесян, Б.В.Норик, А.А.Хисматулин, О.М.Ястребова буданд. Ин нашр дар озмуни миллии “Китоби сол”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2007 ғолиб омада буд. Соли 2009 нашрия дафтари дувумро, ки 3810 байтро дар бар мегирифт, бо тарҷумаи профессор М.О. Осмонов нашр кард. Ин китоб нашри тарҷумаи филологии “Маснавӣ” ба забони русиро идома медиҳад. Дафтари савуми Маснавӣ соли 2010 аз ҷониби О.М. Ястребова бо таҳрири А.А.Хисматулин тарҷума ва тафсир мегардад, ки 4810 байтро дар бар мегирифт. Дафтари чоруми он, ки 3855 байтро фарогир буд, аз ҷониби Л.Г.Лоҳутӣ, Н.И.Пригарина, М.А.Русанов, Н.Ю.Чалисова зери назари Я.Эшотс тарҷума мегардад. Тарҷумаи дафтари панҷум, бо фарогирии 4238 байт аз ҷониби О.М.Ястребова соли 2011 ба анҷом мерасад. Дафтари шашум соли 2012 дар ҳаҷми 4916 байт аз ҷониби О.М.Ястребова ва А.А.Хисматулин тарҷума мешавад. Ҳамаи дафтарҳо бар асоси дастнависи Қуния тарҷума гардидааст.
Дар таҳияи “Маснавӣ” бо хатти имрӯза мувофиқи андешаи Муҳаммад Алии Хуросонӣ “дар заминаи радду бадал ва муқоисаи мутуни мавҷуда фарогири 25685 байт буда, дафтари якум аз 4018 байт, дафтари дувум аз 3826 байт, дафтари севум аз 4813 байт, дафтари чаҳорум аз 3856 байт, дафтари панҷум аз 4241 байт ва дафтари шашум аз 4631 байт иборат аст».
Алан Вилямс дар пешсухани нашри нави “Маснавӣ”, ки аз ҷониби Николсон омода шудааст, чунин тазаккур додааст: “Маснавӣ”-и Ҷалолуддини Румӣ аз шаш дафтар иборат аст, ки дар нашри Николсон зиёда аз 25600 байт, инчунин шаш муқаддимаи кӯтоҳи насрӣ бо забонҳои арабӣ ва форсӣ мавҷуданд. Маснавӣ достонҳои сершумори мардумиро аз асотири анъанавии эронӣ ва мусалмонӣ, инчунин аз анъанаҳои пеш аз исломӣ, классикии ғарбӣ ва санскритии ҳиндӣ нақл мекунад. Нашри ҳаштҷилда ба Николсон муртабит аст. Се ҷилд нашри матни форсии ӯро, се ҷилд тарҷумаҳои ӯро ба забони англисӣ ва ду ҷилд тафсири ӯро дар бар мегирад” [6].
Барои таҳқиқи дурусттар ва натиҷагирӣ аз шумораи байтҳо дар чопҳои “Маснавӣ” дар Тоҷикистон, Эрон ва Русия (дар тарҷумаи русӣ) ҷадвали зеринро барои муоиса мураттаб сохтем:
Шумораи байтҳои чопи Эрон
- аввал: 4003 байт
- дувум: 3810 байт
- сеюм: 4813 байт
- чорум: 3855 байт
- панҷум: 4238 байт
- шашум: 4916 байт
- дар умум: 25635
Шумораи байтҳои чопи Тоҷикистон
- аввал: 4018 байт
- дувум: 3826 байт
- сеюм: 4813 байт
- чорум: 3856 байт
- панҷум: 4241 байт
- шашум: 4931 байт
- дар умум: 25685
Шумораи байтҳои чопи Русия(тарҷума)
- аввал: 4003 байт
- дувум: 3810 байт
- сеюм: 4810 байт
- чорум: 3855 байт
- панҷум: 4238 байт
- шашум: 4916 байт
- дар умум: 25632
Дар бораи омода намудани чопи “Маснавӣ” дар Эрон, Тоҷикистон ва тарҷумаи Русия метавон чунин натиҷа гирифт:
1. Таҳияи Николсон бо қадимтарин дастнависи “Маснавӣ” дар ҷаҳон (нусхае, ки ба Ҳусомуддин Чалабӣ тааллуқ дорад, ки соли 1278-и мелодӣ – панҷ сол пас аз марги Мавлонои Рум нусхабардорӣ шудааст) мувофиқ кардаанд. Николсон рӯйхатҳои ислоҳро тартиб додааст, зеро ӯ нусхаи худи қадимтарин дастнависро то он даме, ки тақрибан як сеяки Маснавӣ-ро тарҷума (ва таҳрир) накард, нагирифтааст.
2. Ноширони “Нигоҳ” (Эрон,соли1371 ҳ.) мутобиқи нусхаи тасҳеҳшудаи Р. Николсон таҳя намудаанд ва онро ноширон нусхаи қадимтару саҳеҳтару даққиқтар ва покизаву беғалат донистаанд, ки дар ҷамъ 25635 байтро фаро гирифтааст [8, с. 4].Тафоввути байтҳо дар тарҷумаи русӣ се байт ва таҳияи матншиносони тоҷик 50 байтро дар бар мегирад.
3. Дар Тоҷикистон, ба қавли таҳиякунандагон, “илова бар матнҳои фавқуззикр аз нусхаи дастнависи «Маснавӣ», ки зери рақами 2243 дар Ганҷинаи осори хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаваду рӯзи охири моҳи зулҳиҷҷаи соли 863 ҳиҷрӣ, баробар ба 27 октябри соли 1459 мелодӣ китобати он анҷом пазируфтааст”, истифода шудааст ва фарогири 25685 мебошад.
4. Тарҷумаи русии солҳои 2007-2012 аз нусхаи Қуния аст ва фарогири 25635 байт аст.
Чунин тафовут ҳолати мабҳасро ба миён меорад. Аз сабаби он ки баҳси мо атрофи нашри тарҷумаҳо ва тафсири дафтарҳои “Маснавӣ” дар Русия аст, ин баҳсро барои дигар вақт мемонем. Аз сабаби ҳаҷми калон ва мураккабии матн, аз аввал қарор қабул карда мешавад, ки якчанд гурӯҳи олимони эроншинос ба тарҷума ҷалб карда шаванд. А. Хисматулин дар дар пешсухани китоби аввал, баъзе андешаҳои худро дар мавриди мушкилоти тарҷума иброз намудааст, ки дар он мушкилот ва муваффақияти мутарҷимону муҳаррирон баён мегардад:
Бояд эътироф кард, ки ширкати гурӯҳи муайяни тарҷумонҳо дар лоиҳаи бузурги тарҷума, тафовути муайян дар равишҳои тарҷума ногузир ба миён меоянд. Ҳангоми омода кардани ин нашр, тарҷумонҳои ин ҷилд кӯшиш карданд, ки аз ҳамкорони Санкт-Петербургии худ барои “инъикоси дақиқи гуногунрангии маъноии шеър” пайравӣ кунанд. Эътиқоди худро бобати шаклу маънои шеър изҳор карда, муътақид шудаанд, ки тарҷумон зимни тарҷумаи маъно ҳақ надорад онро ба мафҳуми асл иваз кунад.
Бисёре аз мафҳумҳои калидии тасаввуфӣ ва ибораҳои шеърӣ дар шеър ҳамчун калимаҳои форсӣ ва муодили арабии онҳо пешниҳод шудаанд. Дар як қатор мавридҳо, принсипи интиқоли қатъии маънои мафҳумҳо вайрон гардида, ҳамон як калима ё истилоҳ дар ҷойҳои гуногуни шеър вобаста ба матн тарҷума гардидааст.
Дар бисёр мавридҳо, мутарҷимон кӯшиш кардаанд, ки тафсирро тавре созанд, ки хонанда на танҳо тафсири маънои оятҳои норавшанро (ва дар матн бисёре аз онҳо ҳастанд), балки матни ҳадди ақалро қабул кунад: – шарҳи унсурҳои адабӣ, фарҳангӣ, динӣ ва фалсафӣ (иқтибосҳо аз Қуръон ва ҳадис, маълумот дар бораи фалсафа, илоҳиёт) ва шарҳи ҳикояҳои воқеӣ.
Иқтибосҳо ва ишораҳои сершумор аз Қуръон мушоҳида мешаванд, ки аз тарҷумаи русии Қуръон (мутарҷим И.Ю.Крачковский) оварда шудаанд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки мазмуни қиссаҳои алоҳидаи “Маснавии маънавӣ” дар поварақ шарҳ ёфта, агар дар байте мафҳум аз ояҳои шариф бошад, мутарҷимон онро бо овардани тарҷума шарҳ додаанд. Баррасӣ ва ошноӣ ба тарҷума муайян намуд, ки мутарҷимон дар поварақи китоб барои собит намудани андеша ва ба хонанда фаҳмонидани ҷузъе аз тарҷумаи Қуръон, шарҳи Карими Замонӣ, луғати Деҳхудо, “Шарҳи Маснавӣ”-и Бадеъуззамони Фурӯзонфар, “Шарҳи Маснавӣ”-и Ҷаъфар Шаҳидӣ, “Шарҳи асрор”-и Мулло Ҳодии Сабзворӣ, мулоҳизаҳои Николсон дар бораи ягон мафҳум ва ё таҳияи мазмунҳои ирфонӣ ва дигар сарчашмаҳои классикӣ ва ё муосир, ки иртибот ба шарҳи истилоҳоти суфия дорад, ба назар мерасад. Масалан, дар қисмати “Баёни он ки маҷмуи олам сурати ақли кул аст, чун бо ақли кул ба кажравӣ ҷафо кардӣ, сурати олам туро ғам физояд ағлаби аҳволро, чунонки дил бо падар бад кардӣ, сурати падар ғам физояд туро ва натвонӣ рӯяшро дидан, агарчи пеш аз он нури дида буда бошаду роҳати ҷон” байти зеринро дар поварақ чунин шарҳ додаанд:
Шохаҳо рақсон шуда чун тойибон,
Баргхо кафзан мисоли мутрибон
Тарҷумаи русӣ:
Ветки пускаются в пляс, словно кающиеся,
Листья хлопают в ладоши, подобно музыкантам
Ин байт ва шарҳи калимаи “тойиб” дар поварақ бо муқоисаи шарҳи Замонӣ ва шарҳу тарҷумаи Николсон чунин ишора мегардад: Тавбакунандагон “ кающиеся” (تایب) – муфассири ин калима “онҳое, ки назр кардаанд” (Замонӣ, с. 921, қайди 1) шарҳ медиҳад, аз ин рӯ шарҳи тасвири рақс чунин аст: онҳое, ки назри шикастнопазир кардаанд, аз он ки ба роҳи ҳақиқат қадам гузоштаанд, хушҳоланд ва аз шодӣ ба рақс медароянд. Аммо, Николсон ин калимаро ҳамчун «penitent» («кающийся грешник») – гуноҳгори тавбакунанда тарҷума мекунад – шохаҳои ларзон ба тавбакунандагоне монанданд, ки барои кафорати гуноҳҳои худ саҷда мекунанд.
А.Хисматулин дар муқаддимаи дафтари аввал ҷиҳати пурра риоя нагардидани қолаби шеър чунин тазаккур менамояд: “Ва азбаски соҳибзабонон дар замонҳои гуногун тафсирҳои зиёд дар бораи ин маснавӣ навиштаанд, набояд аз тарҷумаи русӣ фаҳмиши равшан ва “хониши осон”-ро интизор шуд”
Воқеан, муҳаққиқон, муфассирон ва мутарҷимони давраи нав дар Русия корҳои зиёдеро дар тарҷума ва тафсири классикии “Маснавӣ” ба анҷом расонидаанд. Тарҷумаи мазкури “Маснавӣ” хусусияти шарҳӣ ва тафсирӣ дорад ва ба ҳар фарде, ки донандаи забони русӣ аст, барои кушодани маънои абёт роҳнамои хубе донистан мумкин аст.
Олимӣ Хосият, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филология ва рӯзноманигорӣ.