ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФРАНКОФОНИЯИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА

Омӯзгори кафедраи забонҳои романӣ- германии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Сабрина Назриева бо мақсади иштирок дар барномаи байналмилалии Донишгоҳҳои тобистонаи Франкофония (Universités d’été de Francophonia 2026) ба шаҳри Нитса (Nice), Фаронса сафарбар гардид.

Дар доираи ин барнома омӯзгорон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Итолиё, Алҷазоир бо ҳам омада, мубодилаи таҷриба намуданд.

Яке аз самтҳои муҳимми омӯзиш дар ин барнома «Зеҳни сунъӣ дар такмили усули амалгароёнаи таълим: тарҳрезии дарсҳо ва таҳияи сенарияҳои педагогӣ» буд.

Иштирок дар Донишгоҳҳои тобистонаи Франкофония 2026 барои омӯзгорони забони фаронсавӣ як қадами муҳимму устувор дар рушди касбияти онҳо гардид.