Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо як рӯйдоди сиёсию ҳуқуқии охири асри ХХ буда, балки падидаи бузурги таърихиест, ки ба марҳилаи нави ҳастии миллӣ, эҳёи давлатдорӣ ва ташаккули низоми муосири худшиносии миллӣ замина гузошт. Охири асри ХХ ва оғози асри ХХI дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун марҳалаи сарнавиштсоз ва таҳаввулоти бунёдӣ арзёбӣ гардида, дар ин давра саҳифаи нав ва тақдирсоз дар масири эҳёи давлатдории миллӣ боз гардид.
Дар ин фосила Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар дастовардҳои таърихии даврони муосир муҳимтарин дастоварди миллӣ арзёбӣ мешавад. Моҳи сентябри соли 2026 аз эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 соли таърихӣ сипарӣ мегардад. Аз нигоҳи таърихи давлатдорӣ давраи басо пурмуҳтаво ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкони воқеии муайян намудани самти мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам сохт ва барои ташаккули давлати соҳибихтиёр ва низоми арзишҳои миллӣ заминаи ҳуқуқию сиёсии мусоид ба вуҷуд овард. То замони соҳибистиқлолӣ тоҷикон дар доираи сохторҳои гуногуни сиёсӣ ва давлатӣ зиндагӣ карда, дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас гузошта буданд, вале соҳибихтиёрии воқеии давлатӣ имконият медиҳад, ки масъалаи рушди миллат дар доираи манфиатҳои умумимиллӣ ва бо такя ба иродаи сиёсии худи ҷомеа муайян карда шавад. Аз ин рӯ, истиқлолро метавон ҳамчун шакли олии татбиқи ҳуқуқи таърихии миллат ба худмуайянкунӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва бунёди давлати мустақил арзёбӣ намуд.
Арзиши воқеии истиқлол махсусан дар шароити оғози солҳои навадуми асри ХХ равшан гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд, аммо ин дастоварди нодир зуд ба зиндагии орому осуда ва рушди устувор табдил наёфт. Дар чунин шароит масъалаи асосӣ на танҳо нигоҳ доштани истиқлол, балки ҳифзи худи давлат ва пешгирии парокандагии ҷомеа буд. Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки истиқлол танҳо бо эълони ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ ба таври худкор пойдор намегардад. Барои ҳифзи он низоми устувори давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, қонуният, масъулияти сиёсӣ, иқтисоди қобили рушд ва фарҳанги баланди шаҳрвандӣ зарур мебошад.
Маҳз ҳамин омилҳо имкон доданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як воқеияти ҳуқуқӣ ба пояи устувори давлатдории миллӣ табдил ёбад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи кишвар хеле бузург аст.
Истиқлол пеш аз ҳама ба миллат имкони интихоби роҳи таърихии худро медиҳад ва барои эҳёи хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ фазои мусоид фароҳам меорад. Дар ҳамин замина масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ яке аз муҳимтарин натиҷаҳои даврони истиқлол ба шумор меравад. Дар давраи истиқлол таваҷҷуҳ ба таърихи давлатдории тоҷикон, мероси фарҳангӣ, забони тоҷикӣ, адабиёти миллӣ, ҷашну маросимҳои суннатӣ ва шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ бештар гардид.
Аз ин нигоҳ, 35 соли истиқлол на танҳо фосилаи таърихии сипаришуда, балки марҳилаи ташаккули таҷрибаи муосири давлатдории тоҷикон мебошад, ки омӯзиши ҳамаҷониба, воқеъбинона ва илмии он барои дарки имрӯз ва сохтани ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дорад.
Раҳмонова Моҳина, ассистенти кафедраи информатика.