ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ПОЙДОРИ ВАТАН

(Ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Ба муносибати имсола 35 – умин солгарди эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардида буд, Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо на танҳо дар саросари кишвар, балки берун аз ҳудуди он низ дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ баланд садо дода, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Гарчанде Истиқлолияти давлатии мо аз рӯйи миқёси таърихӣ ҷавон аст, аммо решаҳои давлатдории миллати тоҷик ба даҳҳо аср тааллуқ доранд. Корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллат дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд ва маҳз аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон дар роҳи ваҳдату озодӣ моро ба истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Тайи 35 соли истиқлол тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем ва пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем.

Соли 2026 – соли ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик соли таърихӣ маҳсуб мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чор сол пеш дар ин бора қарор қабул карда, соли 2026 – ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Дар доираи ин ташаббус, тибқи маълумоти расмӣ, аз беш аз 29 ҳазор иншооту биноҳое, ки ба ифтихори ин ҷашн ба нақша гирифта шуда буданд, боз ҳам зиёдтараш беш аз 26 ҳазори он аллакай ба истифода дода шудааст, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони ватандӯст сохта шудаанд. Ин рақамҳо худ гувоҳи он аст, ки ҷашни истиқлол барои мардуми тоҷик на танҳо санаи таърихӣ, балки боиси ҳамбастагии амалии тамоми ҷомеа гардидааст.

Аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала бунёди Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мебошад. Ин иншооти бузурги фарҳангӣ бо шароиту имкониятҳои муосир сохта шуда, чанд рӯз пеш дар остонаи ҷашни 35 – солагии Истиқлол, дарҳои худро ба рӯйи тамошобинон боз намуд. Театри миллӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 расман таъсис ёфта буд ва акнун бо кушодашавии бинои муосираш минбари наве барои эҷодиёти театрии тоҷик, тарбияи завқи бадеии наврасону ҷавонон ва пешниҳоди осори классикии адабиёту драмнависии миллӣ ба вуҷуд омад. Аҳаммияти чунин иншоот дар худшиносии миллӣ бузург аст: театр на танҳо макони фароғат, балки минбари тарбияи забон, андешаи миллӣ ва арзишҳои фарҳангии ниёгонамон мебошад, ки тавассути саҳна ба насли наврас интиқол дода мешавад. Дар заминаи анъанаҳои деринаи фарҳанги форсу тоҷик, ки шоирону мутафаккирони бузург ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар абармардони сухан офаридаанд, Театри миллӣ метавонад ба идомаи ин мактаби бузурги маънавӣ хидмат расонад ва ҳувияти таърихии моро дар шакли ҳунари саҳна ҷовидона гардонад.

Дар баробари ин иншооти бузурги пойтахт, дар тамоми минтақаҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома доранд. Хусусан дар соҳаи маориф садҳо бинои нави мактабу муассисаҳои томактабӣ, коллеҷ ва донишгоҳ сохта, ба истифода дода мешаванд, зеро таваҷҷуҳи давлат ба тарбияи насли наврас ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеаи солим арзёбӣ мегардад. Дар баробари иншооти таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаҳо ва иншооти иҷтимоии дигар низ дар ҳудуди ҳар вилояту ноҳия ва ҳатто деҳот сохта мешаванд, ки ин худ далели раванди фарогири рушди мамлакат дар ҳамаи гӯшаву канори он мебошад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҷашнгирии 35 – солагии Истиқлолият хусусияти оммавӣ ва мардумии он аст. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ, дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар рӯзҳои фарҳанги минтақавӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо намояндагони ҳар вилояту ноҳия дастовардҳои хеш, маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро ба намоиш мегузоранд. Тибқи маълумоти расонаҳо, дар баъзе аз ин ҷашнвораҳо шумораи иштирокчиён то ба сад ҳазор нафар шаҳрванд мерасад, ки ин худ нишондиҳандаи ҳамбастагии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии мардуми тоҷик мебошад. Чунин чорабиниҳои ботантана на танҳо ҷашни расмӣ, балки изҳори воқеии муҳаббати халқ нисбат ба Ватан ва арзишҳои истиқлол аст.

Рамзи дигари ин ҷашни бузург паҳн шудани парчами миллӣ бо нишони махсуси 35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди кишвар мебошад. На танҳо дар марказҳои вилоятҳову шаҳрҳо, балки дар ҳар як деҳаи дурдасти кишвар низ парчами давлатӣ бо ин рамзи ҷашнӣ барафрошта мешавад. Ин амал маънои амиқи рамзӣ дорад: истиқлолият моли пойтахт ё марказҳои калон танҳо нест, балки арзиши умумимиллист, ки ҳар як гӯшаи хоки тоҷик, аз кӯҳистони Бадахшон то водиҳои Хатлону Суғд, дар он баробар шарик аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ арзёбӣ намуд. Дастоварди бузургтарини мо тули ин солҳо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ аст.

Дуруст тарбия намудани насли наврас шарти асосии пешравии ҷомеаи солим ба ҳисоб рафта, ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи мо аст. Ҷавонону наврасони мо бояд аз аслу насли хеш, пояҳои тамаддуни аҷдодӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва масъулияти баланди ватандориро эҳсос бикунанд. Дар ин радиф, иншооти нави фарҳангию таълимӣ, аз ҷумла Театри миллӣ, минбари амалии тарбияи чунин арзишҳо мегардад.

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавонро бо суннатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон ва эҳтиром ба истиқлоли пурарзиш пурра гардонем.

Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне ватан ва истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Дастовардҳое, ки имрӯз дар остонаи ҷашни 35 – солагии Истиқлолият шоҳиданд, аз бунёди Театри миллӣ то садҳо мактабу муассисаи нав дар ҳар гӯшаи кишвар ва ҷашнгириҳои сермазмун далели равшани он аст, ки истиқлол барои мардуми тоҷик на танҳо арзиши таърихӣ, балки барномаи амалии ободӣ ва созандагист.

Пойдору ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозҳо, шикасту пайвастҳо, ниҳоят соҳибистиқлол гардид!

Додихудоев Ёдгор, н.и.ф., дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филология ва рӯзноманигорӣ.