Дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-117-и назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳимояи рисолаи илмии муҳаққиқи ҷавон, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Бустонзода Тахмина, дар мавзуи “Маънои коннотативӣ дар низоми маъношиносӣ (бар мабнои “Дар орзуи падар” – и Кароматулло Мирзо)” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода баргузор гардид.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода олими ҷавон Бустонзода Тахминаро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, таманнои онро дорад, ки фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ насибаш гардад.


