ФАРҶОМИ “МАКТАБИ ТОБИСТОНА” ДАР ДОНИШГОҲ

Нахустин “Мактаби тобистона”, ки бо иштироки донишҷӯён ва магистрантони Итолиё, Баританияи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ ва Россия санаи 13-уми моҳи июл дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оғоз гардида буд ба анҷом расид.

Ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода дар оғози ҳамоиш таъкид намуд, ки пеш гирифтани ин иқдом пайравӣ кардан ба сиёсати забонгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху тамаддун ва адабиёту фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мебошад.

Дар рафти таҳсил муҳасилин имконият пайдо карданд, ки дониши худро оид ба таърих, адабиёти пурғановати тоҷик, фарҳанг, расму ойин ва арзишҳои миллии мардуми тоҷик ғанӣ гардонанд.

Дар маросими ҷамъбасти “Мактаби тобистона”роҳбари муассиса ба ҳамаи муҳассилин барои иштироки фаъолона сертификат тақдим намуд.

Ҳамзамон, ба ифтихори анҷоми “Мактаби тобистона” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ доир карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар давоми ду ҳафта омӯзандагони мактаби мазкур аз маконҳои таърихӣ ва табиати земоманзари Тоҷикистони маҳбуб аз ҷумла: Саразм, Панҷрӯд, қалъаи Ҳулбуку Ҳисор, осорхонаҳои Шоирони Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва устод Мирзо Турсунзода, мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, мавзеи Чилдухтарон, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Масҷиди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дидан намуданд.

Иштирокчиён ба рафти баргузории “Мактаби тобистона”баҳои баланд дода, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода изҳор намудан.

Дар ҳамоиш муҳасилин аз ашъори шоирони классики форсу тоҷик шеърҳои пурмазмун бо забони тоҷикӣ қироат намуда, ҳамчунин таасуроти худро нисбат ба Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва таъриху фарҳаги бою ғании халқи тоҷик иброз намуданд.