Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид – эътирофи таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон ва ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Шоми 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»-ро қабул кард. Ин рӯйдоди муҳим, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайваст, робитаи амиқи таҷрибаи сулҳи дохилии Тоҷикистонро бо рисолати байналмилалии кишвар дар пешбурди фарҳанги сулҳ барҷаста месозад.
Қабули ин қатънома танҳо як рӯйдоди навбатии дипломатӣ набуда, он воқеаи дорои аҳаммияти сиёсӣ, ахлоқӣ ва тамаддунӣ мебошад. Дар ҷаласаи 93-юми иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи A/80/L.54 бо ҷонибдории 153 давлат, як овози муқобил ва бидуни овози бетараф қабул гардид. Тибқи ин санад, солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон гардид.
Рӯзи 27 июн барои мардуми Тоҷикистон танҳо санаи ҷашнӣ нест, балки рӯзи ёдоварӣ аз роҳи пурмашаққати расидан ба сулҳ, аз сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ ва аз интихоби бошууронаи миллат ба нафъи ризоият, давлатдории миллӣ ва ояндаи осоишта мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, қабули қатъномаи СММ дар арафаи ин рӯзи таърихӣ рамзи мантиқии як роҳ аст: Тоҷикистон нахуст сулҳро дар дохили кишвар таҳким бахшид ва имрӯз таҷриба, арзишҳо ва паёми онро ба минбари ҷаҳонӣ мебарад.
Дар ин маврид, абёти оламшумули Саъдии Шерозӣ айни муддаост:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдии Шерозӣ
Ин абёти пурмаъно, ки инсонҳоро аъзои як пайкар медонанд, имрӯз ҳам ҳамчун паёми равшани ҳамбастагии инсонӣ садо медиҳанд. Моҳияти қатъномаи нав низ ба ҳамин андеша наздик аст: сулҳ масъалаи як давлат, як минтақа ё як насл нест; он масъулияти муштараки инсоният дар назди имрӯз ва фардои башар мебошад.
Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ такя карда, ӯҳдадории давлатҳоро ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» таъкид менамояд. Ҳамчунин, дар он ба Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ, «Паймони оянда» ва Эъломия оид ба наслҳои оянда, ки моҳи сентябри соли 2024 дар Саммити оянда пазируфта шуданд, истинод мешавад. Ҳадафҳои Даҳсола пешбурди сулҳ, ташвиқи муколама ва оштӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байнинаслӣ миёни кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон мебошанд. Дар санад зарурати бозтоби дидгоҳу ниёзҳои наслҳои оянда дар сиёсатгузорӣ ва равандҳои қабули қарорҳо низ таъкид шудааст.
Қатънома инчунин таҳаввулоти мусбати Осиёи Марказиро, аз ҷумла талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро барои ҳалли масъалаҳои деринаи сарҳадӣ тавассути муколама ва роҳҳои сулҳомез истиқбол мекунад. Ин нукта аҳаммияти минтақаи моро ҳамчун фазои муколама, ҳамкории созанда ва эътимоди мутақобил боз ҳам равшантар менамояд.
Пешниҳоди эълони ин Даҳсола моҳи сентябри соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ баён гардид. Аз он рӯз то қабули қатънома талошҳои пайгиронаи сиёсӣ ва дипломатӣ идома ёфтанд. Ҳангоми муаррифии расмии лоиҳа Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамкорӣ дар таҳкими сулҳ ҳамчун масъулияти муштарак ва оянданигарона даъват намуд.
Арзиши асосии ин ташаббус дар он аст, ки сулҳро танҳо ба маънии набудани ҷанг маҳдуд намесозад. Сулҳи пойдор пеш аз ҳама бар муколама, эътимод, оштӣ, адолат, эҳтироми мутақобил ва сармоягузорӣ ба ҳамбастагии иҷтимоӣ устувор аст. Маҳз ҳамин равиш таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистонро барои ҷаҳони имрӯз омӯзанда месозад. Қатънома саҳми давлатҳо, роҳбарон ва халқҳоро, ки тавассути равандҳои фарогири сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсоз, барқарорсозии пас аз низоъ ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ба сулҳу ваҳдат мусоидат кардаанд, муҳим мешуморад.
Дар ин замина таҷрибаи Тоҷикистон аҳаммияти вижа пайдо мекунад. Мардуми тоҷик, ки даҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидаанд, бо иродаи сиёсӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳисси баланди масъулият дар назди давлату миллат роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намуданд. Аз ин рӯ, даъвати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҷрибаи воқеӣ сарчашма мегирад: аз кишваре, ки сулҳро на ҳамчун мафҳуми назариявӣ, балки ҳамчун неъмати гаронбаҳои миллӣ мешиносад.
Ин рисолат ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мазмуну самти тоза мебахшад. Тоҷикистон, ки бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавқеи фаъол дорад, имрӯз масъалаи таҳкими сулҳро низ бо садои баланд дар рӯзномаи ҷаҳонӣ матраҳ месозад. Сухан танҳо аз пешниҳоди номи рамзӣ барои Даҳсола намеравад; ҳадаф фароҳам овардани заминаи байналмилалӣ барои муколамаҳои сиёсӣ, барномаҳои таълимӣ, ташаббусҳои иттилоотӣ ва табодули таҷрибаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити академӣ мебошад.
Дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишмандон ва муҳаққиқон низ бояд фаъолона саҳмгузор бошанд. Барои донишгоҳҳо ин Даҳсола имкони муҳимест, то тавассути дарсҳои сулҳ, конференсияҳо, симпозиумҳо, маҳфилҳои ҷавонон, таҳқиқоти илмӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва лоиҳаҳои муштарак фарҳанги таҳаммулпазирӣ, муколама ва масъулияти шаҳрвандиро таҳким бахшанд. Сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ бо дипломатия таҳким меёбад, аммо дар сатҳи ҷомеа аз оила, синфхона, донишгоҳ, муҳити фарҳангӣ ва ахлоқи ҳар фард оғоз мешавад.
Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд меҳварӣ аст. Аз роҳбарии давлат дар солҳои сарнавиштсоз ва талошҳо барои барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ то пешниҳоди ташаббусҳои фарогири байналмилалӣ як хатти пайвастаи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад: эътимод ба муколама, эҳтиром ба ҳуқуқи халқҳо, ҳалли масъалаҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва эҳсоси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаву оянда. Маҳз ҳамин пайдарҳамӣ Тоҷикистонро аз кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳи миллӣ ба яке аз ҷонибҳои фаъоли пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ табдил медиҳад.
Қабули қатъномаи нав аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ танҳо эътирофи аҳаммияти таҷрибаи як кишвар нест. Он даъватест ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муттаҳид шудан дар атрофи арзишҳои сулҳ. Бо вуҷуди ин, барои Тоҷикистон ин рӯйдод мояи ифтихори асоснок аст: ташаббусе, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, бо ҷонибдории аксарияти қотеъи давлатҳои ҳозир ва овоздиҳанда ба санади байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар маркази ин комёбии дипломатӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз рӯзҳои сарнавиштсози барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ то пешниҳоди ташаббусҳои фарогири байналмилалӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат бар як андешаи устувор такя мекунад: пойдории давлат, амният ва пешрафти ҷомеа танҳо дар фазои муколама, эътимод, эҳтироми мутақобил ва масъулияти муштарак таъмин мегарданд. Пешниҳоди эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати оянданигарона мебошад. Он нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон имрӯз аз доираи миллӣ фаротар рафта, ба ташаккули рӯзномаи созандаи ҷаҳонӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои Тоҷикистон бозгӯи роҳи тайкардаи миллатест, ки аз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, бо ирода, хирад ва ҳисси баланди масъулият сулҳу ваҳдатро ҳамчун арзиши волотарин интихоб намуд. Имрӯз ҳамин таҷрибаи гаронбаҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён пешниҳод мегардад.
Дар ин маънӣ, Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо ёдгории таърих набуда, балки сабақи зинда ва роҳнамои фардост. Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки сулҳ аз сухан оғоз намеёбад ва танҳо бо санадҳо пойдор намемонад. Он ба иродаи сиёсӣ, фарҳанги муколама, эҳтироми инсон ва масъулияти ҳар ҷомеа дар назди наслҳои оянда ниёз дорад.
Бигзор Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои давлатҳо, халқҳо ва махсусан ҷавонон майдони нави ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод гардад. Тоҷикистон, ки сулҳро бо ранҷу озмоишҳо ба даст овардааст, имрӯз бо рӯҳи созанда ва нияти нек ба ҷаҳониён муроҷиат мекунад: ҳифзи сулҳ вазифаи як кишвар нест, он қарзи муштараки ҳамаи мост дар назди фардои башарият.
Гадоев Каримҷон, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ.