Ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи пойдор: аҳамияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036”

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати маҷбурӣ ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ ва амният ба яке аз афзалиятҳои асосии ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Сулҳ натанҳо набудани ҷанг аст, балки муҳити мусоид барои рушди устувор, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созандаро пеш гирифта, пайваста ташаббусҳои байналмилалиро дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ пешниҳод менамояд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон мавқеи намоён касб намудааст.

Яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус аз дастгирии густурдаи давлатҳои ҷаҳон бархӯрдор гардида, аҳамияти байналмилалии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистонро бори дигар собит намуд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд. Бо талошҳои роҳбарияти давлат ва иродаи мардуми кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, Тоҷикистон ба роҳи рушду созандагӣ қадам гузошт.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъ тавассути музокирот ва ризоияти миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз ҳамин таҷриба заминаи маънавии пешниҳоди ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда гардид.

Дар Паёму суханрониҳои худ муҳтарам Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.» Ин андеша имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хос пайдо намудааст.

Аз инҷост, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» қабул намуд.

Ҳадафи асосии ин санади муҳим муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколамаи байни тамаддунҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, баланд бардоштани нақши занону ҷавонон дар таҳкими сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Инчунин, қатъномаи мазкур давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳамкории васеъ дар самти татбиқи ҳадафҳои даҳсола даъват менамояд.

Қабули ин қатънома аҳамияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад.

Аввалан, он нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор эътимод дорад.

Дуюм, масъалаи сулҳ имрӯз аз муҳимтарин масъалаҳои инсоният мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон низоъҳои мусаллаҳона идома дошта, миллионҳо нафар аз хонаҳои худ маҳрум шудаанд.

Сеюм, татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, махсусан Ҳадафи 16 — сулҳ, адолат ва ниҳодҳои самаранок мусоидат хоҳад кард.

Дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон чандин ташаббуси муҳимро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла:

1. Соли байналмилалии оби тоза (2003);

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);

3. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028);

4. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025);

5. Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036).

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон натанҳо масъалаҳои миллӣ, балки мушкилоти умумибашариро низ дар меҳвари сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Яке аз самтҳои асосии қатънома иштироки фаъоли ҷавонон мебошад. Ҷавонон бояд фарҳанги сулҳро тарғиб намоянд, ба ифротгароӣ роҳ надиҳанд, таҳаммулпазириро густариш дода, илм омӯзанд, аз технологияҳои рақамӣ ба манфиати ҷомеа истифода намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Имрӯз маҳз ҷавонон метавонанд сафирони сулҳ дар ҷомеаи худ бошанд.

Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин санад бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардидааст.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ва зиёиён, аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва таҳаммулпазириро ҳифз намуда, дар татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсолаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳалимова Маҳбуба, н.и.ф., дотсент, декани факултети забонҳои Аврупо.