“Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ – на танҳо ду вожа, балки шаҳодатномаи миллати тоҷик аст, ки бо азму талошҳои мардони тавонно ва фарзонаи миллат ба даст омадааст. Миллати сарбаланди тоҷикро мебояд, ки иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмиву рафоқатро пос доранд.
Дар замони муосир барои тамоми қишрҳои насли инсоният имкониятҳо хеле фаровон аст. Пас, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасанд. Якдилона оид ба масъалаи тарбияи дурусти насли ҷавон ва дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ камол ёфтани онҳо камари ҳиммат баста бошанд.
Боиси ифтихор аст, ки 29 – сол аст, парчами сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон парафшон аст ва мо соли равон бо шарофати Ваҳдати миллӣ 35 – умин солагарди Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамонро бо самимияти хоса таҷлил менамоем.
Дар ҳақиқат, мардуми шарафманди тоҷик соҳиби ин номаи тақдирсози сулҳу амонӣ ва намоди ҳақиқии баҳамоиву сарҷамъии миллат дар саросари кишвар гардид. Ваҳдати миллӣ роҳи наҷоти миллат ва роҳи оянда ба сӯйи татбиқи барномаву нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои амиқи бунёдкорӣ маҳсуб мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як замони ҳассосу нозук бо иродаву матонат ва тавоноии худ ба мардуми тоҷик сулҳу амониро инъоим кард, ки ин беназиртарин корнома дар таърих аст. Дар баромадҳои худ Сарвари давлат иброз медоранд, ки “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии мардум ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.
Дар пайравиии Пешвои муаззами миллат вазифаҳои муқаддасу аввалиндараҷаи ҷавонони кишвар ин ҳифзи манфиатҳои миллӣ, донистани таъриху тамаддуни кишвар, пос доштани ёди бузургон ва муаррифии номи Тоҷикистондар арсаи ҷаҳон ба шумор меравад.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳояшон аз дастоварду натиҷаҳое, ки Тоҷикистон ба даст овардааст, таъкид медоранд, ки “Ин дастоварди бузурги таърихӣ – Ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред”.
Маҳз пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар ҳамбастагӣ ва рафоқат аст. Новобаста аз мансубияти милливу динӣ ва нажодии байни шаҳрвандон бояд, ҷонибдору тарғибгари ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва бунёдгузору ободкор афзун гардад.
Мо аҳли зиёро дар навбати худ зарур аст, ки насли наврасро ба пос доштани Ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлолу озодӣ ва дӯст доштани Тоҷикистон даъват намоем. Ба онҳо илмҳои муосирро омӯзонида, барои ояндаи дурахшонашон роҳ кушоем. Зеро Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро ҳифз кардан вазифаи ҳамаи мо аст. Бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои татбиқи ҳадафҳои миллии кишварамон ҳиссагузор бошем.
Мақсуда Раҷабалиева, мушовири декан оид ба илм ва инноватсияи факултети забонҳои Аврупо