ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ «ЗАБОНДОН» ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ «МАҲФИЛИ ЗАРИФОН»

Дастаи «Забондон»-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ-фарҳангии «Маҳфили зарифон» бо ҳунару маҳорати баланд баромад намуда, сазовори ғолибият гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳфили зарифон» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор мешавад.

Пирӯзии навбатии дастаи «Забондон» бозгӯи сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сухан ва омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯёни Донишгоҳ буда, нуфузи муассисаро дар арсаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ аъзои дастаи «Забондон»-ро ба муносибати ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, дар марҳилаи нимниҳоии озмун барояшон пирӯзиҳои нав ва комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.