Панду ахлоқ дар афкори Ибни Сино ҷойгоҳи намоёнро ишғол мекунад, ки аз як тараф, ба тарбияи инсон ва қавӣ гардондани иродаи ӯ, аз тарафи дигар, ба мубориза ба ҷаҳолати динӣ ва феодалӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон масъалаи дигаре, ки дар андешаҳои ахлоқии Ибни Сино мавқеи калон дорад, меҳнат аст, ки онро ин шахси хирадманд ба муваққатӣ будани умр ва дар ғафлат набудан вобаста кардааст. Ба ақидаи профессор Х. Мирзозода «Мутафаккири бузург Ибни Сино дар ақидаи иҷтимоӣ адолатхоҳ ва халқпарвар буда, тарафдори меҳнати ҳалол аст». Дар масъалаи меҳнат ва ба даст овардани дониш фурсатро аз даст додан лозим нест, зеро вақт ба инсон ва фаъолияти он мунтазир нест ва ӯ мувофиқи зарбулмасали халқ «кори имрӯзаро ба фардо магузор» амал кардааст:
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ хвард.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, чун натавонӣ кард.
Дар ин рубоӣ на танҳо масъалаи имрӯзу фардо, ки фардо имрӯзро ба ҳисоб намегирад, масъалаи зиндагии имрӯз ва охирати инсон баъд аз марг низ муҳокима шудааст ва он ба таълимоти динию тасаввуфӣ муқобил меистад. Дин барои охират дар ин дунё тоату ибодат карданро, тасаввуф барои «роҳати олами руҳ» хушбахтии абадӣ тарки дунёро тарғиб менамояд, ҳоло он ки ба қавли дурусти Ибни Сино, барои он ки инсон пушаймон нашавад, бояд кореро барои роҳат ва хушбахтии худ дар ҳамин дунё ба ҷо орад, зеро дар охират, ки олами хомӯшист, ҳеҷ коре нест ва карда намешавад.
Дар ин дунё коре кардан ва фурсат ғанимат донистанро синфи ҳокими муфтхӯр ва истисморкунанда бештар ба маънои қонеъ гардонидани нафси бади худ молу сарват ғундоштан ва айшу ишрат мефаҳманд, барои амалӣ гардонидани он ба золимӣ, порахӯрӣ, муфтхӯрӣ, фиребу найранг ва рафтори қабеҳ даст мезананд. Ибни Сино ин хислати баъзе ашхос, махсусан, синфи ҳокимро ба назар гирифта, онро аз мавқеи тасаввуфи тарки дунё, ки ақидаи гурӯҳе аз одамони мазлуму бенаво буд, маҳкум намудааст ва моликияти хусусии бо ҳирсу тамаъ ҷамъ намудаи ӯро душмани вай эълон кардааст. Чунин панди ӯ на оҳанги фаъоли мубориза, балки оҳанги танқидӣ дошта бошад, ҳам, ҳолати руҳияи оммаҳои оҷиз ва нафрати онҳоро нишон додааст. Ҳарчанд, ки нафс дар ҳамаи инсонҳо ҳаст, вале Ибни Сино нафси бадро маҳкум кардааст:
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,
Бишитоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ,
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.
Мавқеъ ва ҷойгоҳи инсон дар ҳаёти ҷамъиятии он мавзуи асосии панду ҳикмати Ибни Сино қарор ёфтааст, ки он ба озодию истиқлоли одамон вобаста аст. Суханҳо ва андешаҳои баланди фалсафии Сино дар ҳама давру замон арзишнок мебошанд. Ба ақидаи профессор А. Маҳмадов: «Маъно, мазмун ва дарки сухани баланд ҳамеша дар мади назари Сино буд».
Сино хислатҳои ҳасадбарӣ, пастӣ, дуруғгӯйи, худро оҷиз, муҳтоҷу дардманд нишон, бо мардум доду гирифт накарданро маҳкум намуда инсони мазлум ва мӯҳтоҷро ба сир надодан ба одами бераҳму шафқат даъват кардааст, зеро муҳтоҷ ба касе будан боиси банди иқтисодӣ ва маънавии дигаре шудан аст, ки шараф, номус, истиқлолият ва озодии шахсии ӯро поймол менамояд:
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард:
Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заифию дард.
Ибни Сино ба дӯстон ёрӣ додан ва ба онҳо муносибати хуб карданро таъкид карда, дар айни замон фарқ кардани дӯсту душманро таъкид намудааст. Дар ин таълимоти дидактикии ӯ муносибат ба душмани дурӯя ҷойи асоси дорад ва ин гуна дӯстонро ба шакари бо заҳр омехта ва магаси бар мор нишаста, ки дигаронро заҳролуд мегардонанд, ташбеҳ кардааст:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.
Азбаски душманони ғоявии ӯ ба вай ба сифати дӯст ва шогирдон наздик шуда, аз вай гап гирифтанӣ мешуданд, масъалаи сир нигоҳ доштан дар пандҳои ин ҳикмат мавқеи муайяне пайдо кардааст, ки имрӯз, балки дар ҳама давру замон ҳам барои шахс ва ҳам барои давлат аҳамияти куллӣ дорад:
Ба пурсиши ҳама кас сири хеш пинҳон кун,
Касе, ки бар ҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор,
Асири туст ҳама сиррат ар пинҳон дорӣ,
Асири сир бишавӣ, гар ҳаме кунӣ изҳор.
Дар таълимоти фалсафии Ибни Сино унсури материализм (мулоҳизакорӣ, манфиатпарастӣ) ҷойгоҳи асоси дорад. Дар яке аз рубоиҳои ӯ материя (ҳаюло) ҷони ҷаҳони моддӣ ва мавҷудоти он ҳастии ягона ва боқӣ ҳама дурӯғ (фан) номида шудааст:
Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан,
Аҷноси малоик ҳавоси ин тан.
Аҷрому аносиру маволид-аъзо
Тавҳид ҳамин аст, дигарҳо ҳама фан.
Калимаи ҳақро на танҳо ба маънои «материя», балки ба маънои «руҳ ё ин ки худо» низ фаҳмида, онро дар дохили ҷаҳони моддӣ (ҷаҳон-бадан) ва ҷони он дарк кардан мумкин аст. Дар ин сурат фикри ваҳдати вуҷуди материалӣ маънои ваҳдати вуҷуди идеалисти (на ваҳдати вуҷуди сӯфиёна, ки танҳо руҳро эътироф мекунад) мазмун мегирад, ки дар чунин ҳолат, ин таълимот бештар маънои материалистиро дорад, зеро ҷаҳони моддӣ асоси ҳаёт буда, руҳ «ҷони он» бе ҷисм вуҷуд надорад. Ин маъниро мазмуни дуюм, ки «Аҷром, аносир ва маволид-аъзо»-ро ҳастии ягона ва боқӣ ҳамаро «фан» ва «ҳавоси ин тан» номидааст, тасдиқ менамояд.
Ба ақидаи дурусти илмии ӯ ҳамаи табаддулот дар олами табиат мегузарад, шаклҳо-ҷисмҳо тағйир ёфта, ба дунёи табиат (бо ифодаи Сино ба «хазинаи рӯзгор») бармегардад ва дар ҷараёни табаддулоти моддӣ боз он шаклро берун меорад:
Ҳар ҳайати ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад махзун.
Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак,
Аз пардаи ғайбаш оварад ҳақ берун.
Ибни Сино дар масъалаи маърифатшаванда будани дунёи моддӣ, вале маҳдуд будани донишҳои инсонӣ низ дар мавқеи материализм аст ва онро аз забони қаҳрамони лирикӣ «ман», дар мисоли худ ифода кардааст, ки дар ин гуфтаи ӯ, дар айни замон, хоксории олими бузург низ акс ёфтааст:
Дил агарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
Ин гуфтаи донишманди ҷаҳониро кашфиёти ҳозираи илмӣ исбот кард. Агар олимони гузашта хурдтарин зарраро ба қисмати тақсимнашаванда (атом-ҷузъи лоятаҷазо) дониста бошанду Ибни Сино «охир ба камоли зарра роҳ наёфтам» гуфта бошад, физикаи ҳозира аз электрон, протон ва ҳаракатҳои он иборат будани «атом», энергияи он ва боз моҳиятҳои дигари материяро кашф кард.
Ибни Сино кашфшаванда ва имконпазир будани маърифати қонунияти олами моддиро, ки санги маҳаки фалсафаи материалистист, эътироф намуда. Донишманди бузурги эронӣ Паноҳии Симнонӣ дар бораи моҳияти фалсафии сухани Сино чунин мегӯяд: «Асли моҳияти фалсафаи Ибни Сино ҳамчун пешқадамтарин сухани машшоия ба шумор меравад». Дар айни замон тағирнопазирӣ ва берун аз иқтидори шуури инсонӣ мавҷуд будани қонунҳои объективии дунёро дар мисоли марг тасдиқ кардааст:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал,
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Дар назди аҷал оҷиз будани дониши инсон, умуман оҷиз будани исонро маънидод кардан ва бо ин восита масъаларо ба «қувваи тавоно»-и Худо, ки таълимот динист, алоқаманд намудан дуруст нест, зеро дар ин рубоӣ маърифатшаванда будани дунё «аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал» ва қонуниятҳои он эътироф шудааст, вале тағйирнопазир будани қонунҳои объективии ҳаёт ба таври ҳаққонӣ ва илмӣ исбот карда шудааст. Дар тамоми рӯйи ҷаҳон Ибни Синоро донишманди ҳамаи илмҳо мешиносанд ва эътироф менамоянд. Дошишмнади маъруф тоҷик Ғаффоров А. ба чунин назар аст: «Абуалӣ ибни Сино донишманди ҳаматарафа: файласуф, табиб, шоир ва арбоби сиёсист».
Сино дар масъалаи ҷаҳонбинии фалсафӣ пайрави Арасту ва Абунасри Форобӣ буда, дар мавқеи машоъ (аз байн-миёна рафтан) ва машшоин аст. Аз рӯйи ин ақида худро берун аз олами физикӣ вуҷуд дорад, барои пайдоиши дунёи моддӣ як бор такон додааст, вале бо ҷузъиёти он коре надорад. Илми ӯ бо зоти худ аст, ба кори олам дахл надорад. С. Айнӣ чунин таъкид мекунад; «Ақидаҳои фалсафии Сино ба Арасту пайвастагӣ дорад». Азбаски худро эътироф кард, ӯро аввалин ҳаракатдиҳанда ва офарандаи олами моддӣ донистааст, идеалист аст, вале вай дар забони идеалист бошад ҳам, дар амал ба материализм майл дорад. Ин маъниро асарҳои илмии ӯ дар бобати илми тиб ва илмҳои дигари табиӣ исбот мекунанд. Ҳамин ҷиҳати материалистии ақидаи фалсафии Ибни Сино буд, ки душманони ғоявиашро ба муқобили вай бархезонд ва бо вуҷуди дар масъалаи асосии фалсафа маснӯъ будан ва ё набудани олами моддӣ ва ҳастии худ идеалист аст (зеро вуҷуди худоро инкор намекунад), ӯро кофир эълон карданд ва ин олами бузургро ба Худо муқоиса карда, ӯро дар назди Худо дурӯғгӯй ва Худоро «ростгӯй» маънидод намудаанд. Ҳарчанд ки Ибни Сино дар назди душманони ғоявиаш рӯҳониён ва уламои динии ҷаҳолатпараст устувор будани имони дини мусулмонии худро даъво кард ва мусулмониро аз ҷоҳилӣ не, балки аз доноӣ ва донишманда иборат донист:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Бояд қайд кард, ки Ибни Сино ва пайравони ӯ дар масъалаи нисбат ба эҳсосоти инсон ба ҳақиқати объективӣ мухлисони нуқтаи назари дар шуури инсон инъикос ёфтани воқеияти объективӣ мебошанд. Ибни Сино шубҳае надорад бар он ки берун аз шуури инсон ва сарфи назар аз он ашёи материалӣ ва сифатҳои гуногуни онҳо ҳастанд. Эҳсосоти инсон сифатҳои объективии чизҳои реалиро ба тарзе ки онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд, дар шуур акс мекунанд. Худи Ибни Сино қоил аст ки чизҳои моддӣ берун аз шуури инсон объективан ҳастанд. Ин чизҳо ба аъзои ҳисси инсон таъсир расонда, эҳсосоте ба амал меоваранд, ки сурати сифатҳои объективии чизҳои ба мо таъсиркунанда мебошанд.
Ибни Сино масъалаҳои назарияи маърифат ва аз ҷумла масъалаҳои эҳсосотиро ба як тарзи махсус мустақил месанҷад. Болтаев М. Н. чунин ақида дорад: «Абуалӣ ибни Сино масъалаҳои назарияи маърифатиро умуман аз нуқтаи назари материалистӣ месанҷад». Чунончи, ӯ дар шарҳи просесси қувваи босира ақидаҳои Платон, Демокрит ва дигар файласуфони Юнони қадимро ба назари танқидӣ санҷида, ба хулосае меояд, ки мо бо қувваи босираи худ фақат ранги чизҳои объективиро эҳсос дорем ва ин эҳсосот ба тарзе ки чизҳо дар оина акс меёбанд, аз инъикоси равшании чизҳои зоҳирӣ ба амал меояд.
Хотиррасон мекунем, ки ба фикри Платон дар чашми мо чизе ҳаст, ки бо чизи зоҳирӣ рӯ ба рӯ омада, шакли он чизро аз берун қабул мекунад, ки ин ҷо дарки басар мебошад. Сино ин андешаро нодуруст ҳисоб карда, исбот мекунад, ки дарк на дар беруни гавҳараки чашм, балки маҳз дар худи он ба амал меояд.
Бояд гуфт, ки Ибни Сино, қувваи босира ба ин чи ки чизе аз чашми мо ба сӯйи чизи ҳисшаванда равон мешуда бошад, ҳеҷ вобастагӣ надорад. Ва мо аз он сабаб мебинем, ки чизи даркшаванда аз худ ба чашми мо чизе равона мекунад, вале азбаски вай худи ҷисм нест, пас вай сурати он чиз аст.
Ибни Сино дар ҳеҷ ҷо нагуфтааст, ки идрок шакли махсуси маърифат аст, вале ӯ ва пайравонаш терминҳои «ҳисси умуми» ва «ҳисси тахмини»-ро ба маънои идрок истеъмол мекунанд. Сино даъво мекунад, ки ҳисси умумӣ ба воситаи ҳиссиёти зоҳирӣ, яъне эҳсосот, ба амал омада, сурати чизҳои объективиро пурра ва том нақш мебанданд. Ба ибораи дигар, эҳсосоти алоҳидае, ки ба воситаи аъзои ҳис ҳосил мегарданд, якҷоя шуда, маърифати умумӣ мешаванд. Аммо Сино функсияи дарки маъноро ба ҳисси дигаре ки ӯ онро қувваи тахминкунанда меномад, нисбат медиҳад.
Аз ин гуфтаҳои Ибни Сино маълум мешавад, ки ӯ дар забон ва бо қалбаш ба ҳастии Худованд ва офаридгории ӯ иқрор буда, дар амал онро исбот намудааст. Забони осори Ибни Сино таърихи гузаштаи фарҳангсолри халқи тоҷикро баён менамояд. Моро зарур аст, ки ин арзиши гаронбаҳоро дар ҳифзу амони худ нигоҳ доем. «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифзи худ нигоҳ медорад» – таъкид менамояд Эмомалӣ Раҳмон.
Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Сино дар тамоми давру замон аҳамияти таълимию тарбиявӣ дошта, моро водор месозад, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми макру фиреби душманон дода нашавем. Баҳри ободии ватани азизамон ва пойдории истиқлолияти кишвари биҳиштосиямон талош намоем. Хусусан, дар ин ҷаҳони пуртазоду ноором, ки тақдири насли башариятро ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ месозад.
Зайниддини АБДУЛҲАМИД, н.и.ф., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳ.