Дар шароити ҷаҳонишавии муосир ва таҳаввулоти пуртаниши маънавии асри XXI масъалаи ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат ба яке аз масъалаҳои сарнавиштсози ҳастии миллӣ мубаддал гардидааст. Миллате, ки фарзандони фидоӣ, қаҳрамонон ва шаҳидони роҳи озодии худро фаромӯш мекунад аз даруни худ фурӯ мерезад, зеро фаромӯшии таърих оғози фоҷиаи маънавии миллат аст. Дар чунин ҷомеа аввал хотира мемирад ва баъд шуури миллӣ суст мегардад. Аз ин рӯ, гиромидошти хотираи фарзандони миллат шакли ҳифзи ҳастии маънавии ҷомеа мебошад.
Дар назарияи фалсафаи муосир ҳофизаи таърихӣ ҳамчун яке аз асосҳои ташаккули ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад. Дар таълимоти Мартин Ҳайдеггер масъалаи таърихиятро ҳамчун шакли ҳастии инсон маънидод намуда, робитаи инсонро бо гузашта унсури муҳимми дарки ҳастӣ медонад. Ҳанс-Георг Гадамер дар доираи герменевтикаи фалсафӣ таъкид менамояд, ки фаҳмиши воқеияти иҷтимоӣ бе иртибот бо анъана ва ҳофизаи таърихӣ ғайриимкон аст. Пол Рикёр хотираро ҳамчун механизми ҳифзи маъно ва таҷдиди шуури иҷтимоӣ шарҳ медиҳад, дар ҳоле ки Ян Ассман мафҳуми ҳофизаи фарҳангиро ҳамчун пояи бақои ҳувияти миллӣ ва давлатдорӣ таҳлил менамояд. Таърих майдони таҷассумёбии маъно, таҷриба ва шуури миллӣ мебошад. Аз ҳамин рӯ, эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ баёнгари иртиботи маънавии инсон бо сарнавишти миллат ва давлат аст. Вақте инсон назди оромгоҳи фарзандони миллат меистад, ӯ бо ҳофизаи таърихӣ ва масъулияти маънавии ҷомеа дар назди гузашта рӯ ба рӯ мегардад. Ин гуна маконҳо дар шуури ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи шуури таърихӣ ва ҳифзи пайванди наслҳо амал мекунанд. Дар чунин фазо инсон бо таҷрибаи қурбонии миллӣ ва масъулияти маънавии ҷомеа дар назди таърих рӯ ба рӯ мегардад. Дар чунин шароит инсон дарк менамояд, ки пойдории истиқлоли давлатӣ натиҷаи таҷрибаи қурбонии таърихӣ ва талошҳои наслҳое мебошад, ки барои ҳифзи Ватан фидокорӣ кардаанд. Ҳар оромгоҳ ҷомеаро ба дарки он раҳнамун месозад, ки истиқлоли давлатӣ бидуни қурбонӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ пойдор намемонанд. Дар чунин лаҳзаҳо таърих ба матни зиндаи маънавӣ мубаддал мешавад ва инсон худро дар назди миллат, давлат ва сарнавишти таърихӣ масъул эҳсос мекунад.
Арҷгузорӣ ба хотираи фарзандони миллат дар асл шакли идомаи ҳастии маънавии ҷомеа мебошад. Фаромӯшии таърих метавонад ба сустшавии шуури миллӣ ва коҳиши масъулияти иҷтимоӣ оварда расонад. Вақте ҷомеа робитаи маънавии худро бо таҷрибаи таърихӣ аз даст медиҳад, эҳсоси ҳамбастагӣ ва идомаи арзишҳои давлатдорӣ низ тадриҷан заиф мегардад. Фаромӯшии қаҳрамонони миллӣ метавонад ба коҳиши пайванди маънавии ҷомеа бо таҷрибаи таърихии худ ва сустшавии арзишҳои давлатдорӣ оварда мерасонад. Ҳар миллат тавассути ёдоварӣ ва эҳтироми қаҳрамонони худ ҳастии таърихии худро таҷдид менамояд. Дар ин замина, оромгоҳҳо ва маконҳои таърихӣ майдони таҷассумёбии фарҳанги хотира ва иродаи таърихии ҷомеа мебошанд.
Хотира шакли тафсири маънои ҳастии инсон дар робита бо таърих мебошад. Вақте ҷомеа ба оромгоҳи фарзандони барӯманди миллат гул мегузорад, дар асл ба таърих, озодӣ ва арзишҳои давлатдорӣ арҷ мегузорад. Ин раванд инсонро аз бегонагии маънавӣ ҳифз намуда, эҳсоси масъулиятро дар назди Ватан таҳким мебахшад.
Санаи 23 майи соли 2026, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ бо роҳбарии ректор, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода аз Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Дар рафти мушоҳида муайян гардид, ки иштирокчиён чунин иқдомҳоро ҳамчун омили таҳкими шуури миллӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ арзёбӣ менамоянд.Ин боздид шакли таҷассумёбии худогоҳии ҷамъиятӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ ба шумор меравад. Дар чунин иқдомҳо ҷомеа тавассути рамзҳои таърихӣ бо таҷрибаи маънавии худ вориди гуфтугӯи иҷтимоӣ мегардад ва маънои давлатдориро дар сатҳи шуури таърихӣ таҷдид мекунад.Дар замина чунин маросимҳо шакли ҳифзи ҳастии таърихии миллат мебошанд. Гулгузорӣ ба оромгоҳи фарзандони миллат ҳамчун рамзи ҳофизаи ҷамъиятӣ ва таҷассумёбии фарҳанги ёди гузаштагон арзёбӣ мегардад. Тавре Ян Ассман дар назарияи ҳофизаи фарҳангӣ таъкид менамояд, ҷомеа тавассути рамзҳо, ёдмонҳо ва маросимҳои ҷамъиятӣ ҳувияти таърихии худро таҷдид мекунад. Морис Ҳалбвакс низ хотираи ҷамъиятиро ҳамчун шакли нигоҳдории таҷрибаи таърихии ҷомеа маънидод мекунад. Ҳамзамон, Пол Рикёр хотираро шакли масъулияти ахлоқӣ дар назди гузашта арзёбӣ намуда, онро пояи худогоҳии ҷамъиятӣ медонад. Ин эҳсоси маънавӣ аз дарки масъулияти таърихӣ ва эҳтиром ба қурбониёни роҳи озодӣ сарчашма мегирад. Ҳар оромгоҳ ҳамчун матни зиндаи таърихӣ ҷомеаро ба ҳифзи худогоҳии миллӣ ва пойдории робитаи маънавии наслҳо раҳнамун месозад. Ҷомеае, ки оромгоҳи фарзандони фидоии худро зиёрат мекунад, дар асл ба арзишҳои озодӣ, истиқлол ва масъулияти таърихӣ арҷ мегузорад. Аз ин рӯ, Оромгоҳи Лучоб ба як фазои маънавии таҷассумёбии худшиносии миллӣ ва герменевтикаи давлатдорӣ мубаддал мегардад.
Дар ҷараёни боздид иштирокдорон оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин фарзанди баруманди миллат Нисор Муҳаммадро зиёрат намуда, ба пояи оромгоҳи онҳо гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.Зимни маросим таъкид гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан оварда шуда, имрӯз номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи озодӣ, истиқлол ва давлатдории миллӣ бо эҳтироми хос гиромӣ дошта мешавад.
Ин иқдом зуҳури сипосгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба решаҳои маънавии давлатдорӣ мебошад. Вақте хоки фарзандони миллат ба оғӯши Ватан баргардонида мешавад, дар асл виҷдони таърихии миллат низ эҳё мегардад. Ин раванд иртиботи маънавии миллат бо таърихи худ ба шумор меравад. Дар он лаҳза дард, хотира, орзу ва сарнавишти нотамоми инсонҳо ба сарзамини худ бармегардад. Бозгашти хоки фарзандони миллат ба Ватан дар шуури миллӣ ва эҳёи ҳофизаи ҷамъиятӣ мебошад. Барои ҷавонон чунин амал бояд бедории виҷдон ва нанги маънавӣ бошад. Ҷавонон бояд дарк намояд, ки ҳар қатраи хуне, ки барои озодӣ рехта шудааст, имрӯз ба шакли Парчам, Истиқлол ва давлатдории миллӣ дар пеши назари мо қарор дорад. Агар имрӯз ҷавонон дар фазои ороми Ватан зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, пас ин оромӣ натиҷаи қурбонии таърихӣ, ҳифзи хотираи ҷамъиятӣ ва масъулияти шаҳрвандии наслҳое мебошад, ки барои пойдории давлатдорӣ ва истиқлол талош кардаанд. Бисёре аз он қаҳрамонон орзуи бозгашт ба Ватанро дар зеҳни худ нигоҳ медоштанд. Аммо ба ҷойи онҳо танҳо мушти хок ба сарзамини модарӣ баргашт. Аз ҳамин ҷост, ки ҳар ҷавон бояд дар назди чунин қурбониҳо худро масъул эҳсос намояд, зеро бетафовутӣ ба хотираи қаҳрамонон хиёнат ба виҷдони таърих аст. Бетафовутӣ нисбат ба чунин қурбониҳо метавонад робитаи маънавии наслҳоро бо таърих заиф гардонад ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандиро коҳиш диҳад. Агар насли ҷавон арзиши ин қурбониҳоро эҳсос накунад, иртиботи маънавии худро бо таърих аз даст медиҳад ва ҷомеа ба фазои бетафовутии ахлоқӣ гирифтор мегардад.
Ин иқдом зуҳури виҷдони таърихии ҷомеа ва нидои ботинии миллатест, ки намехоҳад робитаи маънавии худро бо қурбониёни роҳи озодӣ аз даст диҳад. Зеро ҷомеае, ки қаҳрамонони худро пос медорад, дар асл арзишҳои озодӣ, истиқлол ва худшиносиро ҳифз мекунад. Дар чунин фазо насли ҷавон дарк менамояд, ки давлатдорӣ амонати маънавии таърих мебошад.Иштирокдорони чорабинӣ чунин иқдомҳои маънавиву тарбиявиро дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар воқеъ, тарбияи миллӣ бе пайванди маънавӣ бо таърих ғайриимкон аст. Насле, ки аз оромгоҳҳои фарзандони миллат мегузарад, вале дар қалбаш эҳсоси дард, эҳтиром ва масъулият бедор намешавад, аз маънои Ватан дур мегардад. Бетафовутӣ нисбат ба хотираи қаҳрамонон метавонад боиси сустшавии худогоҳии шаҳрвандӣ ва коҳиши иртиботи маънавии ҷомеа бо таҷрибаи таърихии худ мегардад. Ҷомеае, ки дар он ҷавонон дигар назди оромгоҳи қаҳрамонони миллат сари таъзим фуруд намеоранд, эҳсоси масъулияти таърихиро аз даст медиҳад ва рӯҳи маънавии он суст мегардад. Зеро Ватан дар шуури иҷтимоӣ маҷмӯи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавие мебошад, ки тавассути ҳофизаи миллӣ, таҷрибаи ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба қурбониёни роҳи озодӣ ташаккул меёбад. Ҷавононе, ки бо зиндагӣ ва корномаи фарзандони фидоии миллат ошно мегарданд, дар шуури худ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва пайванди маънавӣ бо таърихи миллатро ташаккул медиҳанд. Қаҳрамонони миллат барои ҷавонон намунаи зиндаи садоқат, ҷавонмардӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва хизмат ба давлату миллат мебошанд. Омӯзиши зиндагӣ ва муборизаи онҳо метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқи шаҳрвандӣ ва фарҳанги ватандӯстии насли ҷавон нақши тарбиявии бузург дошта бошад. Маҳз чунин эҳсос инсонро аз бетафовутии маънавӣ наҷот медиҳад ва ӯро ба субъекти фаъоли давлатдорӣ табдил месозад. Аз ин рӯ, чунин чорабиниҳо ҳамчун мактаби зиндаи худшиносӣ ва ахлоқи миллӣ аҳаммияти бузург доранд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни боздид хотираи неки дигар намояндагони маъруфи илму адаб ва фарҳанги тоҷик низ пос дошта шуд. Ин амр собит месозад, ки фарҳанги миллӣ низоми зиндаи маънавие мебошад, ки бар пояи эҳтиром ба хотира, виҷдон ва мероси шахсиятҳои созандаи таърих устувор мемонад. Миллате, ки аҳли илму фарҳанги худро пос медорад, дар асл ҳастии маънавии худро ҳифз мекунад ва аз фурӯпошии ахлоқии ҷомеа пешгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, барои тақвияти нақши тарбиявии чунин иқдомҳо пешниҳодҳои зерин муҳим арзёбӣ мегарданд:
- Ташкили дарсҳои сайёр дар назди оромгоҳҳо ва маконҳои таърихӣ, то ҷавонон таърихро аз муҳити зиндаи маънавӣ дарк намоянд;
- Ворид намудани мавзӯъҳои марбут ба ҳофизаи таърихӣ, шуури миллӣ ва фарҳанги давлатдорӣ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна;
- Таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ дар бораи зиндагӣ ва корномаи фарзандони фидоии миллат бо иштироки ҷавонон;
- Роҳандозии озмунҳои илмӣ, форумҳои ҷавонон дар мавзӯи худшиносии миллӣ, таърихи давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ;
- Тақвияти ҳамкории муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва васоити ахбори омма барои ташаккули муҳити маънавии зидди бетафовутӣ ва фаромӯшии таърих;
- Ташкили маҳфилҳои ҷавонон барои омӯзиши осори қаҳрамонони миллӣ, мутафаккирон ва шахсиятҳои таърихии тоҷик, то тафаккури интиқодӣ ва виҷдони шаҳрвандии насли ҷавон тақвият биёбад;
- Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих метавонад тавассути таҷрибаи маънавӣ, гуфтугӯи иҷтимоӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ самараноктар гардад;
- Таҷрибаи кишварҳое чун Олмон, Ҷопон ва Полша нишон медиҳад, ки фарҳанги ёд гузаштагон ва таҳсилоти шаҳрвандӣ метавонанд воситаи муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, шуури таърихӣ ва масъулияти иҷтимоӣ гарданд.
Ҳамин тавр, арҷгузорӣ ба хотираи фарзандони миллат яке аз омилҳои муҳимми пойдории фарҳанги давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Таҳлил собит намуд, ки хотираи таърихӣ ҳамчун механизми ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҷдиди робитаи маънавии наслҳо амал мекунад.
Нақши фарҳанги ёди гузаштагонро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ асоснок месозад. Навгонии таҳқиқ дар таҳлили арҷгузорӣ ба хотираи таърихӣ ҳамчун механизми онтологии ҳифзи давлатдорӣ ва таҷдиди субъекти шаҳрвандӣ ифода меёбад.Аҳаммияти амалии таҳқиқ дар он ифода меёбад, ки натиҷаҳои он метавонанд дар таҳияи барномаҳои тарбиявӣ, сиёсати фарҳангӣ ва таҳкими тарбияи шаҳрвандии ҷавонон истифода шаванд. Маҳдудияти таҳқиқ дар он ифода меёбад, ки масъала бештар баррасӣ гардида, таҳлили сотсиологиро низ талаб мекунад.Боздид аз Оромгоҳи Лучоб нишон медиҳад, ки чунин иқдомҳои маънавӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ барои таҳкими эҳтиром ба таърих, пойдории арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси масъулияти иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Комилов Далер, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ.