БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ВА «ДОНИШҶӮДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ДАР ДОНИШГОҲ

Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмунҳои донишгоҳии «Чакомаи гесу» ва «Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол» баргузор гардиданд. Чорабинӣ бо ибтикори факултети филология ва рӯзноманигорӣ доир шуда, дар он ҳайати омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хуршеда Гулаҳмадзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лола Азизова, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат доштанд.

Дар рафти суханронӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин озмунҳо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳёи анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ ва таомҳои миллӣ, инчунин, омода намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Ректори Донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило иброз дошт, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани завқи эстетикӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии фарҳанги асили тоҷикон миёни ҷавонон нақши муҳим дорад.

Дар доираи чорабинӣ гӯшаҳои омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин гӯшаҳо дастовардҳои донишҷӯён, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, дастархони таомҳои миллӣ, китобҳои бадеӣ ва ҷанбаҳои гуногуни расму ойинҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеър, байтбарак, иҷрои суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои ҷолиб рангу таровати хосса пайдо карда, ба иштирокчиён руҳияи идона бахшид.