РОҲАНДОЗИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ

Бахшида ба “Ҳафтаи ҷавонон”, “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мусобиқаи футболи хурд миёни кормандону омӯзгорон оғоз гардид.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа бо иштироки дастаҳои иштирокчӣ ва ҳаводорони футбол дар фазои тантанавӣ баргузор шуд. Зимни он аҳаммияти варзиш дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ миёни омӯзгорон таъкид гардид.

Дар мусобиқа ҳашт даста аз ҳисоби раёсат ва омӯзгорони факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамоянд.

Тибқи натиҷаи қуръапартоӣ бозии ифтитоҳиро дастаҳои факултети равияи омӯзгории забони англисӣ ва факултети забонҳои Аврупо оғоз карданд.

Дар бораи натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа ва ҷараёни бозиҳо хабару гузоришҳои муфассал баъдан пешниҳод карда мешаванд.