ПЕШГИРИИ КИРДОРҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Ҷавонон неруи созанда ва ояндаи ҳар миллатанд. Пешрафти устувори ҷомеа аз сатҳи маърифат, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи онҳо вобаста мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технология ва таъсири гуногуни фарҳангӣ масъалаи пешгирии кирдорҳои номатлуб миёни ҷавонон аҳамияти махсус пайдо кардааст. Барои ҷомеаи мо, бахусус дар заминаи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин самт яке аз афзалиятҳои муҳим ба шумор меравад.

Кирдорҳои номатлуб рафтору амалҳоеанд, ки ба меъёрҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеа мухолиф буда, ба худи шахс ва атрофиён зарар мерасонанд. Ба онҳо метавон – ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, истифодаи маводи мухаддир ва нӯшокиҳои спиртӣ, зӯроварӣ ва рафтори хашмгин, бепарвоӣ нисбат ба таҳсил, вобастагӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити носолими иттилоотӣ ва дигарҳоро дохил кард.

Ин гуна кирдорҳо на танҳо рушди шахсии ҷавонро маҳдуд месозанд, балки суботи иҷтимоӣ ва амнияти ҷамъиятиро низ халалдор менамоянд. Сабабҳои ба кирдорҳои номатлуб рӯ овардани ҷавонон гуногунанд. Яке аз омилҳои асосӣ камбудии тарбияи дуруст дар оила мебошад. Оила ҳамчун мактаби аввалини тарбия бояд муҳити солим, меҳру муҳаббат ва назорати оқилонаро таъмин намояд.

Омили дигар таъсири муҳити иҷтимоӣ ва гуруҳҳои ҳамсолон аст. Агар ҷавон дар муҳити носолим қарор гирад, эҳтимоли пайравӣ ба рафторҳои манфӣ зиёд мегардад. Ҳамчунин, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, бекорӣ, камбуди машғулиятҳои фоиданок ва таъсири нодурусти баъзе маводҳои интернетӣ метавонанд сабаби пайдоиши ин мушкилот гарданд. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар ташаккули шахсияти ҷавон нақши ҳалкунанда доранд. Донишгоҳ на танҳо маркази омӯзиши касбӣ, балки муҳити тарбияи шаҳрвандии фаъол мебошад. Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои илмӣ, озмунҳо ва вохӯриҳо бо шахсиятҳои намунавӣ метавонад ҷаҳонбинии донишҷӯёнро ғанӣ гардонад.

Дар баробари ин, гузаронидани семинарҳо оид ба фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва одоби муошират барои баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ мусоидат мекунад. Ҳамкории зичи донишгоҳ бо оила ва ҷомеа низ дар пешгирии мушкилот таъсири мусбат мерасонад.

Сиёсати давлат ба дастгирӣ ва рушди неруи ҷавон равона шудааст. Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир барномаҳои гуногуни дастгирии ҷавонон, таъсиси марказҳои ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсилу кор амалӣ мегарданд. Ин тадбирҳо ба коҳиши омилҳои иҷтимоии кирдорҳои номатлуб мусоидат менамоянд.

Ҷомеа низ бояд нисбат ба рафтори ҷавонон бетараф набошад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва фаъолони иҷтимоӣ метавонанд тавассути таблиғи тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои миллӣ дар ин самт саҳм гузоранд.Барои пешгирии кирдорҳои номатлуб тақвияти тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташкили машғулиятҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, назорати оқилонаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва шуғл муҳим мебошанд. Муҳим аст, ки пешгирӣ бояд аз марҳилаи барвақт оғоз гардад. Вақте ҷавон худро қадрдон ва дастгиришуда эҳсос мекунад, эҳтимоли рӯ овардан ба кирдорҳои манфӣ кам мешавад.

Хулоса, пешгирии кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон вазифаи муштараки оила, муассисаҳои таълимӣ, давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурати ҳамкории зич ва муносибати масъулона метавон муҳити солимро барои рушду такомули насли ҷавон таъмин кард.

Ҷавонони солимфикр, донишманд ва ватандӯст кафили субот ва пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба тарбия ва рушди онҳо сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.

Хусравбекова Баҳрӣ, муаллими калони кафедраи забонҳои романӣ – германӣ