ТАШРИФИ ДОКТОРИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДОНИШГОҲ

Намояндаи Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир доктор Маҳбод Ғаффорӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода мулқот ба анҷом расонид.

Меҳмон аз ҷониби ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ва ҳайати роҳбарияти муассиса бо самимияти хос ва дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол гирифта шуд. Ин мулоқот ҳамчун як қадами муҳим дар самти рушди дипломатияи академӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои омӯзиши забони форсӣ дар сатҳи байналмилалӣ, роҳҳои такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълими забони форсӣ, такмили маҳорату малакаи омӯзгорон ва донишҷӯёни риштаи забони форсӣ, инчунин, имкониятҳои роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ байни Донишгоҳ ва Донишгоҳи Кембриҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Яке аз самтҳои муҳими муҳокимашуда ташкили мактабҳои тобистона ва зимистона (Summer/Winter Schools) дар Донишгоҳ буд. Ҷонибҳо ин ташаббусро ҳамчун платформаи муассири табодули дониш, фарҳанг ва таҷрибаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, масъалаи ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Кембриҷ ба чунин барномаҳоро баррасӣ карданд.

Дар қисми ҷамъбастии мулоқот, ба нишони эҳтиром ва таҳкими равобити фарҳангӣ, аз ҷониби Донишгоҳ ба намояндагони Донишгоҳи Кембриҷ ҷилдҳои якум ва дуюми китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба забони англисӣ тарҷума шудаанд, тақдим гардид.