Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз, 20 – уми апрел конфренсияи илмӣ – амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва унвонҷӯёну донишҷӯён таҳти унвони “Таъсирпазирӣ ва ҳамгиройии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва дақиқ ҳамчун омили рушди устувор дар ҷомеаи муосир” ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд ва ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва унвонҷӯёну донишҷӯён ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, доир ба сиёсати маорифпарварона ва забонгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, иброз дошт, ки бо шарофати баргузории ҳамоишҳои муҳимми илмӣ ба майдони илму фарҳанг пайваста чеҳраҳои нав қадам ниҳода, тавассути андешаҳои ҷолиб ва пажуҳишҳои арзишманд ганҷинаи илми муосири ватаниро бою рангин менамоянд. Бунёди илму дониш маҳз ба омӯзгорони пуртаҷриба вобастагӣ дорад. Фазли илм бекарон, мақоми соҳибилм баланд мебошад.
Сипас, мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф,
фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд баромад карда, доир ба саҳми назарраси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бемайлони илми тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлол, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир ибрози назар намуда, насли ҷавонро ба омӯзишу пажуҳиш, таҳқиқоти илмӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват намуд.
Баъдан, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо дар мавзуи “Нақши забони давлатӣ дар ҳамгиройии илмҳои гуногун дар шароити рушди устувор”, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳ Баҳманёр Сулаймонзода дар мавзуи “Нақши худшиносии миллӣ дар таҳкими низоми давлатмеҳварӣ” ва доктор PhD, дотсенти кафедраи филологияи англиси Донишгоҳ Шодӣ Шаҷеӣ дар мавзуи “Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таълими забонҳо” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин, дар қисмати музокираҳо номзади илмҳои биологӣ, дотсент Давлатёр Ҳафизов ва доктори илмҳои филология, профессор Олимҷон Қосимов баромад карданд.
Дар фаровард аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба омӯзгорони забондоне, ки барои тарҷумаи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” бо забонҳои арабӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ саҳм гузоштаанд бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Инчунин барандаи ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе ва ғолиби стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.




