НАМОЯНДАИ АГЕНТӢ БО КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОН МУЛОҚОТ ДОИР НАМУД

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 17 апрели соли 2026 мулоқоти муовини сардори раёсати муқовимат бо корупсияи Агентӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим бо кормандону омӯзгорон баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба таълим Маҳмадшариф Гадозода аз ҳамкориҳои судманди Донишгоҳ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, дар бораи иҷрои бандҳои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар муассиса ибрози назар кард.

Ҳамзамон, мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳ Сабрина Исмоилова баромад карда, иброз дошт ки дар асоси нақша – чорабиниҳои донишгоҳӣ дар факултету кафедраҳои муассиса пайваста ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ мулоқотҳои судманд, семинару мизҳои мудаввар ва дарсҳои кушод баргузор гардида, мақолаҳои илмӣ – оммавии устодони Донишгоҳ дар расонаҳои иттилоотӣ мунтазам ба нашр мерасанд.

Намояндаи Агентӣ, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим дар бораи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, пешгирӣ аз ин амали номатлуби ҷомеа ва аз натиҷаи паёмадҳои ногувори даст задан ба коррупсия сухан гуфта, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва иҷрои бандҳои қонунҳои соҳавӣ пешниҳодоти судманд кард.

Таъкид гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла, омӯзгорону кормандон ба ҳисоб меравад.