ТЕЪДОДИ ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МЕАФЗОЯД

Мушовири академии факултети забон ва адабиёти рус Бобобекзода Меҳроҷиддин имрӯз, 18 апрели соли 2026 рисолаи илмияшро дар мавзуи “Таъсири психологии талоқ ба зоҳиршавии ҳолатҳои эмотсионалии наврасон” дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии номзади илмҳои психологӣ, дотсент Мадина Шарипова сарбаландона дифоъ кард.

Раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети забон ва адабиёти рус муҳаққиқи ҷавон Бобобекзода Меҳроҷиддинро барои ноил шудан ба ин дастоварди арзишманди илмӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро доранд, ки дар ҷодаҳои зиндагӣ, илм ва фаъолияти корӣ муваффақиятҳои беназир ҳамсафараш бошад.