ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА ДОНИШГОҲ

Рӯзи 6 апрели соли 2026 намояндагони Донишгоҳи Оксфорд – профессор Эдмунд Ҳерзиг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварданд. Меҳмононро ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ва ҳайати омӯзгорони муассиса истиқбол гирифтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши забони форсӣ, такмили маҳорату малакаи омӯзгорон ва донишҷӯёни риштаи забони форсӣ, инчунин имкониятҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи таълимиро дар Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо вобаста ба сафарбар гаштани донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд барои таҷрибаомӯзӣ ва такшмили маҳорату малакаи муоширатии забони форсию тоҷикӣ ва имкониятҳои Донишгоҳро вобаста ба масъалаи мазкур баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи роҳандозии мактабҳои тобистона ва зимистона дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд ба ин мактабҳо низ муҳокима карда шуд.

Баъди мулоқоти расмӣ роҳбарияти Донишгоҳ бо меҳмонон аз рафти дарсҳои забони форсӣ дидан карда бо донишҷӯёни устодон суҳбат оростанд.

Дар интиҳо аз ҷониби ректори Донишгоҳ ба намояндагони Донишгоҳи Оксфорд тарҷумаи китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” бо забони аглисӣ тақдим гардид.