Имрӯз, 7 апрели соли 2026 дар факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳ бо ибтикори кафедраи забонҳои романӣ – германӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Робияи Балхӣ – аввалин шоира дар адабиёти форсу тоҷик“ бахшида ба 1050 – солагии Робияи Балхӣ бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор карда шуд.
Дар ибтидо, мудири кафедраи забонҳои романӣ – германӣ Давлатов Муслим доир ба зиндагинома ва фаъолияти пурвусъати Робияи Балхӣ, осори мондагор ва мероси пурғановати адиб маъруза кард.
Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш номзади илмҳои таърих, дотсент Гулдаста Қаноатова, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Камолова Бибикалон, номзади илми филологӣ, дотсент Абдулассанова Зайналмоҳ омӯзгори кафедраи забонҳои романӣ – германӣ Лола Сафиаллоева ва дигарон баромад карда, доир ба бузургдошти адиб аз тарафи ЮНЕСКО ва фаъолияту осори таърихии Робияи Балхӣ маълумот доданд.
Дар қисмати музокира омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат карда, аз эҷодиёи адиб шеър қироат намуданд, баҳри зинда ва ҷовид доштани хотираи шоир, фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд.


