Тибқи нақша дар лингвопарки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарсҳои ҷолибу шавқовар ва муҳимму нуктасанҷонаи омӯзгорон бо усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монда шуда, курсҳои кутоҳмуддат барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, куриёӣ, арабӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ роҳандозӣ шудааст.
Инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва такмили ихтисоси муҳаққиқон бо истифода аз технологияи иттилоотӣ (ТИ) ва таҷрибаомӯзи таълимӣ – илмӣ фаъолияти назаррас доранд.
Мавриди зикр аст, ки теъдоди шунавандагони дасрҳои таълимӣ дар парки технологӣ афзун гаридида, мунтаззам аз устодони соҳибзабон ва пуртаҷриба таълим мегиранд.
Ҳамчунин машғулиятҳо ва омӯзиши курсҳои кутоҳмуддати технологияи иттилоотӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ роҳандозӣ гардидааст. Барои ҳарчи бештар омӯзиши технологияҳои навин таҷҳизотҳои чопӣ ва ҷомадӯзӣ низ таъмин карда шудааст.
Таҳсил ва омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат бо тамоми шароит ва имкониятҳои хуб роҳандозӣ шуда, ҳама метавонад аз он самаранок истифода намоянд. Айни замон шунавандагони дохилӣ ва берунии парки технологӣ ба беш аз 700 нафар мерасанд. Пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат ҳар як нафар шунаванда бо сертификат қадрдонӣ мегардад.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru