ДУ ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

4 – уми декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойҳои аввал ва дуюм гардиданд.
Шоистаи зикру ифтихор аст, ки Ҳасанова Саёҳат, донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо миёни донишҷӯён сазовори ҷойи аввал ва мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ Шаҳзод Қаюмов байни иштирокчиёни касбу кори гуногун сазовори ҷойи дуюм гардид.
Маврид зикр аст, ки ҳамасола донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ширкати фаъолона намуда, сазоври ҷойҳои намоён мегарданд.
Барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағи ҷоизаҳо зиёд гардиданд, ки ин барои боз ҳам ҳавасманд намудани ширкаткунандагон нақши бузург мегузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *