БАРРАСИИ МАВЗУИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

Санаи  28-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ  таҳти унвони “Раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосир: навоварӣ, мушкилот ва дурнамо” бо  ширкати доираи васеи донишмандони дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода, профессори кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон Гусейнова Татьяна Владимировна,  мутахассиси забони англисӣ Шурои Амрикои дар Тоҷикистон Линда Мэри Чу, мушовири мустақили маориф оид ба омӯзиши забони англисӣ  Лиза Мэн, мутахассиси забони англисии Донишкадаи инноватсионии Душанбе Клэн Клиффорд, мутахассиси забони англисӣ дар Тоҷикистон Дрю Беннет, профессори кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шозиёева Гулмоҳ  ширкат доштанд.

Дар оғози ҳамоиш  профессор Жило Гулназарзода қудуми меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки  масъалаи раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фазои иттилоотии муосир яке аз масъалаҳои муфид ва мубрами ҷомеа муосири Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳояшон омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи донистани забони тоҷикӣ таъкид менамоянд ва ҷиҳати шуруъ кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз муассисаҳои то мактабӣ, омода кардани дастуру методҳои нави омӯзишӣ, ташкили марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба сохторҳои марбуда дастури махсус медиҳанд афзуд профессор Жило Гулназарзода.

Дар идома доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон Гусейнова Татьяна Владимировна дар мавзуи “Китобҳои дарсии забони байналхалқии русӣ дар мактабҳое, ки таҳсилашон ба забони тоҷикӣ”, мутахассиси забони англисӣ Шурои Амрикои дар Тоҷикистон Линда Мэри Чу зери унвони “Тадрис ва омӯзиш дар давраи зеҳни сунъӣ: Тафаккури нав дар бораи таҳсилоти забон”, мутахассиси забони англисии Донишкадаи инноватсионии Душанбе, Клэн Клиффорд,  дар мавзуи  “Ҳамгироии зеҳни сунъӣ ва чатботҳо ба методологияи таълим дар синфхона”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шозиёева Гулмоҳ таҳти унвони “Ҷойгоҳи тарҷумаи бадеӣ дар замони муосир: рушд ва дурнамо”  баромад намуданд.

Дар  ҳамоиш ҳамчунин  баромади видеоии мушовири мустақили маориф оид ба омӯзиши забони англисӣ,  Лиза Мэн дар мавзуи “Reframing Academic Writing as Critical reading in the Age of AI” (видеоӣ)  намоиш дода  шуд.

Дар музокираи ҳамоиш мудири  кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума  дотсент Ҳавасмо Соҳибназарова ва декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ Муҳаббатшо Қобилов баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти конференсия ба иштирокдорон сертификат тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *