МАВЗУИ РОБИНДРАНАТ ТАКУР ВА МАҚОМИ Ӯ ДАР РАВОБИТИ АДАБИИ ШАРҚУ ҒАРБ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Имрӯз, 23 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ – амалии “Робиндранат Такур ва мақоми ӯ дар густариши равобити адабии Шарқу Ғарб” доир гардид.
Дар конференсияи мазкур, ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило Бурӣ, раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рамазон Абдуллаев, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони форсии Донишгоҳи Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сунита Кумарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара Озод Саидҷаъфаров, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Марямбӣ Нурова ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Махфират Қурбоналиева ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуданд.
Ректор, профессор Жило Гулназарзода, зимни ифтитоҳи конференсияи байналмилалӣ меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, аз муҳиммият ва аҳамияти адабии конференсия сухан кард. Ҳамзамон иброз намуд, ки бо сиёсати оқилона, маърифатпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобит ва муносибатҳои гуногунҷанбаи олимону муҳаққиқон афзун мегарданд. Дар заминаи он баргузории конференсияи илмӣ – амалӣ пиромуни бузургдошт, саҳми бориз ва мақоми мутафаккиру адиби барҷаста Робиндранат Такур дар равобити адабии Шарқу Ғарб бориз арзёбӣ мегардад.
Шинохт ва пажуҳиши осору мероси гаронарзиши ин адиби форсизабони Ҳиндустон барои на танҳо мардуми тоҷик , балки барои тамоми мардуми ҷаҳон муҳим ва аҳамияти хоса дорад. Хосатан асарҳои мондагораш, барои башарият ба қалам дода шуда, мероси ғании адабиёти ҷаҳонро дарбар мегирад.
Инчунин дар идома, раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рамазон Абдуллаев дар мавзӯи “Амир Муиззӣ – давомдиҳандаи анъанаи татаббуъгӯӣ” ва доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара Озод Саидҷаъфаров оид ба “Нақши забон ва адаби форсӣ дар Ҳинди Бобурӣ дар асрҳои 16-17” маърузаҳои пурмуҳтаво карданд. Онҳо зимни баромад, аз фаъолияти густурдаи Амир Муиззӣ ва оид ба нақши забони форсӣ дар замони давлатдории Бобуриёни Ҳинд маълумоти пурмуҳтаво, ироа намуданд.
Дар конференсия, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони форсии Донишгоҳи Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сунита Кумарӣ ба таври маҷоз маърузаи худро дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии ашъори орифонаи Ҳофмиз ва гуманисзми Тагор” ба таври фосилавӣ пешниҳоди ҳозирин намуд. Иловатан, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Марямбӣ Нурова, низ ба таври фосилавӣ дар конференсия ширкат карда, маърузаи худро оид ба “Идеи Ровиндраната Тхакура о трансформации системы образования в Индии” ба таври фосилавӣ пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар идома маърузаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Махфират Қурбоналиева дар мавзӯи “Анъанаи зулисонайнӣ дар робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек” шунида шуд.
Дар поёни конференсия раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди маърузаҳои муҳимми илмӣ ба ширкаткунандагон сертификат тақдим карда шуд.
Намояндагони Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳбари муассиса китобҳои арзишмандро ҳамчун рамзи дӯстии абадӣ тақдим намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *