Иштироки ректори Донишгоҳ дар Конференсияи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай

Бо мақсади иштирок дар Конференсияи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (ДСҲШ) ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Дар ин сафар роҳбари Донишгоҳро сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Бибиҷон Юсупова ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Каримҷон Гадоев ҳамроҳӣ намуданд.
Профессор Жило Гулназарзода дар форуми зикршуда дар мавзуи «Форматҳои инноватсионии мубодилаи академӣ дар фазои СҲШ: аз мубодила то барномаҳои муштарак» суханронӣ намуданд.
Роҳбари муассиса Жило Гулназарзода зимни баромади хеш аҳамияти рушди мубодилаи академӣ дар доираи СҲШ-ро яке аз воситаҳои асосии ҳамгироии маориф, илм ва фарҳанг номида, таъкид намуданд: “Вақти он расидааст, то равишҳои чандир ва технологӣ, аз қабили барномаҳои виртуалӣ ва омехта, барномаҳои магистрии шабакавӣ, курсҳои муштараки онлайнӣ, платформаҳои таҳқиқотӣ, мактабҳои тобистона ва зимистона ҷорӣ карда шаванд”.
Зимни баромади хеш профессор Жило Гулназарзода дар самти омодакунии мутахассисони омӯзгорию тарҷумонии забони чинӣ дар Донишгоҳ маълумот дода, ҳамчунин ҷилди якум ва дуюми китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат –ҳастии миллат”- ро, ки аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума шуда буд, ба ноиби ректори Донишгоҳи Сияни Дзияотун, профессор Шан Чживэй тақдим намуд.
Дар аснои суҳбати озод ректорони Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск, Донишгоҳи давлатии Гроднен ба номи Янка Купалаи Ҷумҳурии Белорусия, Донишгоҳи омӯзгории Чунсин, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай масъалаҳои тақвият бахшидани мубодилаи академӣ, табодули омӯзгорон, корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *