ОИЛА -АВВАЛИН МАКТАБИ ИНСОНИЯТ

15 – уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, бо ибтикори бахши занон ва духтарони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ширкати муовини рекор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода, мудири бахши занону духтарон Маҳбуба Изатуллоева, профессори кафедраи психология Дилором Ашӯрова, мудири кафедраи психология Фирӯза Раҷабова, мудири китобхона Мория Сайфиддинова ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ мизи мудавар зери унвони «Оила – аввалин мактаби инсоният» баргузор гардид.
Дар ин нишаст мавзуҳои муҳими маърифати оиладорӣ, одобу рафтори ҷавонон дар ҷамъият, сохти оила ва шаклгирии он, мавқеи оила дар давлату ҷамъият ва дигар мавзуҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири кафедраи психология Фирӯза Раҷабова, профессори ҳамин кафедра Дилором Ашӯрова, дотсент Гулнисо Амирова, ассистент Файззода Фариза баромад карда, оид ба нақши кӯдак ва тарбияи он дар оила, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзу нигоҳдории оилаи солим баромад намуданд.
Дар поёни мизи мудаввар муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода оиди сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати қабул гардидани қарору қонунҳои махсус доир ба ҳифзу амнияти оила барома намуд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои оила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар кишвар ифодакунандаи дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *