МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНҲОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, “Олими сол”, “Магистранти сол”, “Муҳаққиқ ва ихтироъкори сол” миёни муассисаҳои олии кишвар роҳандозӣ ва натиҷагирӣ гардид, ки маросими ҷоизасупории он 25-уми апрели соли 2025 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Кохи Суруш бо ҳузури Вазир Саидзода Ҳамро баргузор шуд.
Боиси ифтихор аст, ки мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ Шаҳзод Қаюмов дар озмуни “Магистранти сол” сазовори ҷойи ифтихорӣ ва донишҷӯйи соли дуюми факултети филология ва рӯзноманигорӣ Маҳфуза Раҳимова дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” бо роҳбарии омӯзгор Нуриддин Султонҳайдаров сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳандозӣ кардани ин гуна озмунҳо аз як ҷиҳат қадр кардани меҳнати омӯзгорону олимони асил бошад, аз тарафи дигар дастгириву муаррифии истеъдодҳои ҷавон ба ҳисоб меравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *