Бузургдошти рӯзи Садриддин Айнӣ ба оғози ҳафтаи илми тоҷик рост омад. Маҳз ба ҳамин хотир 18 апрели соли 2025 бо ибтикори факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ – амалии донишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши Садриддин Айнӣ дар эҳёи адабиёти миллӣ” бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессори ДМТ Аламхон Кӯчарзода баргузор гардид.
Дар қисми ифтитоҳии конференсия ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода дар хусуси саҳми мондагори Садриддин Айнӣ барои рушду нумуи илми тоҷик сухан намуда, таъкид дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик хизматҳои устод Садриддин Айниро барои рушди адабиёт, покизагии забон, эҳё кардани таърих, зинда гардонидани ному ёди даҳҳо суханварони тоҷик, ки ҳар кадоме дар навбати худ хизматҳои шоён кардаанд, фаромӯш намекунанд.
Дар идомаи конференсия узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Аламхон Кӯчарзода зери мавзуи “Дар пайи иҷрои як васияти устод Садриддин Айнӣ” баромад намуда, зиндагинома, корномаҳои мондагор, асарҳои безаволи устод Садриддин Айниро беҳтарин мактаби худшиносию ватандорӣ унвон намуд.
Инчунин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Абдураҳимов дар мавзуи “Мактуб, ҳикоя, шеър: шинохти сабки ибтидоии устод Садриддин Айнӣ”, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, дотсент Нурмуҳаммад Шамсов дар мавзуи “Устод Садриддин Айнӣ – поягузори “шеъри нав” дар адабиёти муосири тоҷик” маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҳамчунин дар раванди конференсия доктори илми филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Хосият Олимӣ дар мавзуи “Иртиботи Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш” ва ассистенти кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии Донишгоҳ Мираҳмадзода Мунавваршо зери мазуи “Руҷуъҳои лирикию публисистӣ ва таърихӣ дар повести “Одина” – и Садриддин Айнӣ” баромад карда, аз фаъолияти пурсамар, осори пурғановати устод Садриддин Айнӣ ва нақши устод Айнӣ дар бедории миллӣ, рушди адабиёти миллӣ ибрози назар карданд.
Баргузор намудани чунин ҳамоишҳо агар аз як ҷиҳат пос доштани хотираи неки шахсиятҳои баруманди кишвар бошад, аз ҷониби дигар шиносонидани кору рӯзгори ибратбахши шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик ба насли ҷавон мебошад.