Маркази тестӣ

Ифтихори Амонкул
Вазифа: сардори маркази тестӣ
Телефони кор: (+992 37) 237 30 84

Маркази тестии Донишгоҳ бо Қарори Шурои олимон аз 30 ноябри соли 2017 №5/4-3 бо фарогирии ду воҳиди корӣ – сардори марказ ва мутахассис таъсис дода шудааст. Маркази тестӣ мувофиқи сохтори донишкада дар тобеияти раёсати таълим мебошад. Бояд қайд намоем, ки дар вақти имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ китобхонаи электронии донишгоҳ бо 50 – адад ва 3 синфхонаи компютерии воқеъ дар бинои таълимии ошёнаи 1 ва 3 бо 112 – адад компютер истифода бурда мешаванд. Дар умум 162 – адад компютер имтиҳонҳоро қабул менамоем. Дар Маркази тестии Донишгоҳ  махзани саволномаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба миқдори на камтар аз 200 саволнома ва тестҳои гуногун ташкил карда шудааст.

Дар Донишгоҳ шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома татбиқ карда шуда, истифодаи хаттӣ ва электронии онҳо бо технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ карда шуданд. Маркази тестӣ дар сомонаи донишкада саҳифаи электронӣ ташкил намуда, дар он маҷмӯи супоришҳои тестӣ, шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома, маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳоро ҷойгир кардааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маркази тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони маркази мазкур ба Низомномаи низоми кредитии таҳсилот, Низомномаи факултет, Низомномаи кафедра, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуданд. Қоидаҳои умумии низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ва низомномаи баҳодиҳӣ ба дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар раванди таълим ва низоми назорату баҳодиҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.