МАОРИФ – ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун санади муҳимми сарнавиштсоз барои рушди давлат ва ҷомеа мусоидат менамояд.

Паёми навбатии Сардори давлат чун паёмҳои қаблӣ номаи бахту саодат ба шумор рафта, мардумро ба суйи фардои нек ҳидоят месозад. Дар Паёми мавриди назар- дурнамои фаъолияти ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дошту тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳоро барои як соли дигар муайян намуд.

Соҳаи маориф чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, марҳила ба марҳила дар такомулу пешрафт қарор дорад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф анҷомшуда, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ аст.

Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Ҳукумати кишвар дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҳарчанд раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, вале барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир, сараввал ба омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги ниёгони миллати худ, эҳёи завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд дод.

Аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани илму маориф «ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат» тамоми кормандони соҳаи илму маорифро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар раванди ислоҳот ва беҳбуд бахшидани сифати таълиму тарбия корҳои илмию тадқиқотиро ба сомон расонанд.

Чунончӣ, қайд гардид дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дар Паёми навбатиашон Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад, ҳамчунин маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуданд, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд”.

Дар Паёми Пешвои миллат оварда карда шуд, ки шумораи умумии хонандагони онҳо мактабҳои бунёдёфта беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ бояд ба роҳ монда шавад ва ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни Паёми хеш Роҳбари давлат воқеъбинона қайд намуданд, ки “Ҳамаи пешравию пирӯзии давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин менамояд, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак, фароҳам накардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия онҳо мебошад, яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ мемонад”.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози кори роҳбарии худ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонандаро таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷа қарор додаанд. Ин аст, ки солҳои охир сафи иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ меафзояд. Рӯз то рӯз зиёд шудани донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм менамоянд исботи гуфтаҳои болост.

 

Шаҳло Ҳасанова- номзади илмҳои филологӣ, декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *