Конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорон, омӯзгорон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни кафедраҳои забонҳои романӣ- германӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ, тарҷума ва забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ“- и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар бахшҳо идома ёфт.
Бояд гуфт, ки баргузории конференсия дар бахшҳо дар заминаи “Ҳафтаи илми тоҷик” зери унвони “Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ,ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ” бо ҳузури муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Бахтиёр Абдураҳимов ва сардори ҳамин раёсат номзади илми филология Шамсиддин Ҳайбуллоев баргузор гардид.
Дар ҳамоиш омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраҳои болозикр атрофи мавзуъҳои “Фаъолияти тарҷумонии Ба Тзи ва асарҳои тарҷуманамудаи ӯ”, “Сифати феълӣ дар забони чинӣ”, “Исм дар забонҳои тоҷикӣ ва хитоӣ”, “Бозиҳои таълимӣ дар дарси забони хориҷӣ”, “Падежҳои забони олмонӣ ва тарзи истифодаи он”, “Нақши сулҳ дар дар бунёди ҷомеаи демократӣ”, “Идеяи ҳуввияти миллӣ дар “Шоҳнома” таҳлили фалсафӣ”, “Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ” баромад намуданд.