ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ БО ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ШУРУЪ ГАРДИД

21-уми апрели соли 2025 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, професор Жило Гулназарзода конфЕренсияро ифтитоҳ намуда, аз дастгириву ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт. Роҳбари Донишгоҳ профессор Гулназарзода Жило аз вохӯрии Сарони кишварҳои ҳамсоя дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ёдоварӣ намуда, таъкид доштанд, ки кушодашавии марзи кишвар ва рафтуои мардумони ҳамсоякишвар на танҳо барои беҳбудии рӯзгори мардум аст, балки баҳри рушди илми тоиҷик беасар намемонад.
Дар идома Шоҳиён Нуралӣ Набот – доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ дар мавзуи «Вазифаҳои стратегии татбиқи технологияҳои рақамӣ ва омодасозии касбии омӯзгорону кормандон дар раванди расидан ба ҳадафи мазкур», Карамхудоев Шукрат – доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ зери мавзуи «Худшиносии миллӣ: аҳамият, усулҳои омӯзиш ва мутобиқсозии он бо таҳаввулоти замони муосир» баромад карданд.
Дар қисми музокираҳо декани факултети забон ва адабиёти рус, дотсент- Шаҳло Ҳасанова ва мудири кафедраи забоншиносии умумӣ, професор- Суҳайлӣ Расулов суханронӣ намуданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар оғози ҳафтаи илм дар Донишгоҳ омӯзгори муассиса, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Бобоев Кенджа дар озмуни “Беҳтарин мақолаи пажуҳишӣ” байни муассисаҳои олии таълимии омӯзгории давлатҳои ИДМ, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, сазовори дипломи дараҷаи I гардид. Дар поёни конференсия роҳбари Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома, медали озмун ва мукофотпулии раёсати Донишгоҳро ба омӯзгор Кенджа Бобоев супурданд.
Мавриди зикри хос аст, ки конференсия кори худро аз имрӯз
яъне, санаи 21 уми апрели соли 2025 дар бахшҳо идома медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки конференсия кори худро аз имруз яъне санаи 21 уми апрели соли 2025 дар бахшҳо идома медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *