Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шурои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бахтиёр Абдураҳимов, сардори раёати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев ва бо ширкати омӯзгорон ва ғолибони даври донишгоҳии олимпиада ва озмунҳо баргузор гардид.
Мавриди зикри хос аст,ки давоми моҳи марти соли 2025 дар Донишгоҳ олимпиадаи фанни донишҷӯён баргузор гардида, дар он беш аз 105 нафар донишҷӯён аз факултетҳои Донишгоҳ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, информатика, география, физика, биология ва дигар фанҳо ширкат карда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар шурои ҳамоҳангсозӣ аз вазъи омодагии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки донишҷӯёни Донишгоҳ бо омодагии пурра ба даври ҷумҳуриявии озмун омода мебошанд.
Суратгузориш аз рафти баргузори Шурои ҳамоҳангсозии озмуну олимпиадаҳо ва баргузории олимпидаҳои даври донишгоҳӣ