ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

16-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо баргузор гардид.
Ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода аз ташаббусу иҚдомоти бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиву фанҳои дақиқ ёдовар шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳ аз таъсисёбии озмунҳо то ба имрӯз дар тамоми озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат кардаанд. Донишҷӯёну кормандон ва омӯзгорони муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бояд гуфт, ки ҳамеша ғолибони марҳилаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бахтиёр Абдураҳимов узви ҳакамони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илф фурғӯи маърифат” – ро муаррифӣ карда, ба иштирокчиён тавсияву маслиҳатҳои муфид дода, шарту талаботҳои асосии озмунро ба ҳамагон муаррифӣ карданд.
Натиҷаи озмунро аз рӯйи самтҳо ҳайати ҳакамон муайян намуда, пас аз пешниҳоди хулосаи ниҳоӣ ғолибон муайян ва ба даври навбатии озмун роҳ меёбанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *