КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК ДАР ПАРТАВИ БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

11 – апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалии муштараки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Арзишҳои иҷтимоӣ – фарҳангии Наврӯз дар таҳкими бародарии халқҳо ва суботи байналмилалӣ” баргузор шуд.
Дар конференсия ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишо Карамалишоев, директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – и муассисаи мазкур Назира Амирбекзода ва омӯзгорон, кормандону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректор, профессор Жило Гулназарзода бо хушнудӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, ба мақоми байналмилалӣ ноил гардиданд. Наврӯз рамзи дӯстӣ ва оғози баҳор аст. Наврӯзи имсола, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки роҳбарони се кишвари бо ҳам дӯст: Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ба мардуми минтақа баҳори дӯстӣ овард. Кушода шудани марзҳо ва бо ҳам пайванд гардидани халқҳои ҳамсоя, ҳамҷавору ҳамнишин гардидани миллатҳо нишона аз сиёсати оқилонаи роҳбарони кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Карамалишо Карамалишоев баромад карда, аз шуҳрату шаҳомати баргузории Наврӯз дар Тоҷикистон ва муносибати стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷумҳуриҳои дӯсту бародар – Узбекистон ва Қирғизистон сухан карда, ироа намуда, ки халқи тоҷик аз азал дар байни миллатҳои узбеку қирғиз бо ҳам дӯсту ҳамсоя зиста, дорои фарҳангу тамаддуни якхела гаштаанд. Боз шудани сарҳадҳо ба рӯйи ҳам, дасти оштӣ ва густурда шудани хонӣ дӯстӣ ин ҳама аз сиёсату иқдомоти сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад.
Доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳ Салими Хатлонӣ пиромуни “Наврӯзи сулҳ ва ҳамбастагӣ”, доктори илмҳои филологӣ профессори кафедраи забоншиносии Донишгоҳ Олимҷон Қосимов дар мавзӯи “Созиш ва созандагӣ дар ниҳоди Наврӯз” баромад карда, аз нигоҳи шеъру адаб ва илму маърифат, ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва дӯстии се халқҳои дӯсту бародарро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамчунин, дар конференсия директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода дар мавзуи “Эъломияи Хуҷанд – қадами устувор барои таҳкими дӯстиву некӯҳамсоягӣ”, декани факултети дипломатия ва сиёсати муассисаи номбурда, Фаридун Исматуллозолда пиромуни “Аҳамияти ҳуқуқии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ” ва дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии ин ниҳод Меъроҷиддин Насриддинзода оид ба “Эъломияи Хуҷанд – омили рушди ҳамгироии минтақа ва ҳамзистии осоиштаи мардуми он” маъруза карданд.
Дар раванди ҳамоиши бошукӯҳ барои нишонаи рамзи дӯстиву ҳамҷаворӣ маърӯзаи муаллими калони кафедраи забоншиносии Донишгоҳ Самариддин Каримов таҳти унвони “Анъанаҳои муштараки тоҷику ӯзбек (дар мисоли анъанаҳои ҷашни наврӯзӣ)” бо забони ӯзбекӣ ва маърӯзаи донишҷӯйи курси 5 – уми факултети забон ва адабиёти рус Умидахон Ҳакимова, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон аст ва тариқи бурсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистн ба номи Сотим Улуғзода таҳсил менамояд, оиди “Наврӯз ва дустии халқҳо”, ки бо забони қирғзӣ ироа гардид, шунида шуд.
Бояд зикр кард, ки конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *