- (Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024))
Дар ҷаҳони муосир илму маориф аз зумраи соҳаҳои фаъолияте ба шумор меравад, ки он ба бунёди асосии рушди ҷомеа асос гузошта, ба ин васила муҳаррики муқтадир дар таҳкимбахши рушди босуботи иқтисоди миллии кишварҳои олам нақши меҳварӣ дорад.
Рушди соҳаи маориф ва илм дар боробари таҳқиқоти бунёдии ватанӣ ба омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии таҳсилоти кишварҳои пешрафта ниёз дорад. Ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт яке аз роҳҳои имконпазири баланд бардоштани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва самаранокии фаъолият дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ба шумор меравад.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла илму таҳсилот арзёбӣ гардид.
Вобаста ба рушди илму таҳсилот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Мусаллам аст, ки рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад…
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
Дар воқеъ, инкишофи ҷомеаи мутамаддин аз рушди илму таҳсилот вобастагии амиқ дошта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонӣ қарор гирифта, дар як муддати кутоҳ илму маорифи кишвар шакли дигарро ба худ касб намуд ва ҳамчун яке аз василаҳои муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
Боят тазаккур дод, ки масъалаи ҳавасмандкунии музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар панҷ соли охир музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин, дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки таваҷҷуҳ нисбат ба илму маориф дар меҳвари асосии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ҳамчунин, вобаста ба омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии таҳсилот замони соҳибистиқлолии кишвар имконияти васеъ пайдо шуда, дар ин замина теъдоди зиёди донишҷӯёну унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти хориҷи кишвар ба маротиб афзудааст.
Вобаста ба ин дар паёми навбатӣ таъкид гардид, ки “Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”. Мавриди зикр аст, ки нишондоди мазкур дар як марҳилаи кутоҳ дастоварди хуб дар самти омӯзиши таҳсилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва барои рушди неруи зеҳнии сармоияи инсонӣ заминаи бунёдӣ мегузорад.
Дар баробари ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати амалишавии дастурҳои вафқ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида, барои рушди минбаъади илму таҳсилот бо назардошти ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, пажӯҳиши афкори бунёдии мутафаккирони ниёгон ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт собитқадам бошем.
Ҳамчунин, дар паёми навбатӣ ба масъалаи рақамикунонӣ ва инноватсия таваҷҷуҳи вижа равона шуда, барои панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ самтҳои он муайян гардиданд ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.
Дар воқеъ, ин иқдом барои рушди ҷомеа ва баланд гардидани иқтисоди миллӣ, инчунин, сатҳу сифати илму таҳсилот заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки ин дастуру ҳидоятҳо барои аҳли илму маорифи кишвар зарурӣ ва саривақтӣ буда, бори дигар моро водор месозад, ки ҷиҳати рушду густариши илму таҳсилоти ватанӣ заҳмату талоши беш аз пеш зоҳир намеом.
Миракзода Фаридун Юсуфӣ – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода