Осорхони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хоричии Точикистон хамчун зерсохтори кисми илмии Донишгоҳ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси Роҳбарияти Донишгоҳ бо карори Шўрои олимон Осорхона аз моҳи сентябри соли 2016 фаъолият намуда, аз 21-марти сол соли 2021 расман кушода шудааст.
Осорхона бо мақсади нишон додани фарҳангу маданияти Донишгохи байналмилалии забонҳои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улуғзода ва абади нигоҳдоштани номи Сотим Улуғзода, ки Донишгоҳ ба номи Сотим Улуғзода номгузорӣ шудааст, таъсис дода шудааст.
Айни ҳол, дар осорхона нигораҳои гуногун аз қабили хуччатхои касбии Сотим Улуғзода, дастнависи Сотим Улугзода Улугзода доир ба Садриддин Айни, осори илмию бадеии Сотим Улуғзода, телефони утоки кории Иттифоки нависандагони Сотим Улуғзода, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дарачаи 1 барон Сотим Улуғзода бахшида шуда, нимпайкараи Сотим Улуғзода, осори илмии ректорони муассиса, зангӯлаи аввалини Донишгох, амсилаи бузи кухи, кўзача бо бандаш, ду санги хурди пирамидӣ, ба ғайр аз ин тухфаҳон сафирон хориҷӣ, тасвири манзараи Регистони Самарқанд, чойник ва пиёлачан хурд аз Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ, тасвири истироҳатгоҳи Дубай, накши Лондон дар шиша, шарфи Украини аз сафири Украина дар Точикистон, лаълӣ бо тасвири Самурай, лаълӣ бо тасвири роҳи абрешим аз Ҷумҳурии Қирғизистон, чован-пиёлачан маҳлултайёркунӣ аз Чумхурии Чин, акси тасвиршудаи донишманд Акмулла дар чаҳорчӯба аз Ҷумҳурии Бошкардистони Руссия, Всер (бодбезаки занона) аз Ҷумҳурии Чин. амсилаи духтари казокӣ бо либоси миллиаш аз Чумхурии Қазокистон, лаьлии зарандуд аз Донишгоҳи Тсинзян, лаъли бо тасвири Самурай аз Сафоратхонан Чопон дар Точикистон, лаьлии чинӣ ба тасвири шаҳри Красноярск, тухфаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриявӣ гуддонхо, “Сипосноман” Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон барои Донишгоҳ бахшида ба “Соли маориф ва фарҳанги техники, армуғонҳои шишагӣ аз донишгоҳҳои чумхуриявӣ, кубоку чомхо ва медалҳои варзишӣ дар самти гирпаронӣ ва баскетболбозӣ, паёми табрикотии Ҳукумати Чумхурии Точикистон бахшида ба 25 солагии Донишгох, “Диплом” барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Точикон оинаи таърих”, армуғони ҷашни рамзи Ваҳдат ҳамчун обекти асосии осорхона башумор рафта, ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
Ба ғайр аз ин нигораҳо дар осорхона 8 гӯшаи дигар мавчуд аст. Ва ҳар як гӯшаи он мазмуни ба худ хосро доро мебошад.
Гӯшаи аввлини он “Ташрифи пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ барои ифтитоҳи биноҳои нави таълимӣ ва вохӯрӣ бо аҳли маорифи пойтахт” ном дорад.
Гӯшаи Пешвои сулҳофар. Барқарор гардидани Сулҳ дар кишвари азияткашидаи мо як табаддулоти бузурге аст, ки мардуми точик онро бесаброна интизор буданд.
Вакте Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон интихоб гардид. Вай бо бовариву эътиқод ба Парчами Тоҷикистон наздик мешавад ба зону мезанад, онро мебӯсад ва садо баланд мекунад: “Мардум ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагарданд, осуда нахоҳам буд.!” 27 уми июни соли 1997 дар Москва таҳти васояти Созмони Милали Муттахид ва дигар кишварҳои зомин Созишномаи умумии истиқрори Сулх бо ризоияти миллӣ ба имзо расид. Албатта, дар истиқрори сулхи Точикистон бисёр фарзандони фарзонаи кишварамон саҳми бузург гузоштаанд. Аммо накши Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно нотакрору дурахшон хоҳад монд
Гўшаи Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиклол гӯшаи калони осорхона ба шумор меравад. Истиклолият неъмати бебаҳост. Баъди пароканда шудани давлати Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соибистиклол, соҳибихтиёр гардид. Истиқлолият барои миллати тоҷик шароите ба амал овард ва боз таърих исбот намуд, ки Тоҷикон кистанд. Ин неъмати бузург барои рушду нумӯи Точикистон як падидаи тозаест барои комёбиҳояш. Ва ҳаминро қайд намуд,ки саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар ҷодаи истиклолият басо бузург аст ва бо шарофату ташаббуси ин шахсияти бузург кишвари тоҷикон ба комёбиҳои беназир мушарраф гардида истодааст.. Хушбахтона, Тоҷикистони имрӯзаи мо як мамлакати биҳиштосо гашта, аз ҷиҳати об, энергетика, озуқаворӣ, саноатикунонӣ инкишоф ёфта истодааст.
Гӯшаи Сотим Улуғзода адиб, олим тарҷумон. Сотим Улуғзода адиби номвар, донандаи таърих ва адабиёти хеш, олими нуктасанҷу пухтакор, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон, барандаи ҷоизан ватанию хоричи нависандае, ки илму адаб ўро баъд аз устод Садриддин Айнӣ медонанд. Сотим Улуғзода дар қатори шахсиятҳои барӯманди точик чун Садриддин Айнӣ Бобоҷон Ғафуров меистад. У бар зидди душманони миллат мубориза бурда, таъриху миллати худро дар асарҳояш зиндаву ҷовид нигоҳ доштааст.
Сотим Улуғзода ҳамчун тарчумони беҳтарин дар адабиёти муосири точик шухрат дорад. У як қатор асарҳои нависандагони бузурги русро бо забони точики тарҷума ва нашр намудааст.
бо Гӯшаи Ректорони муассиса. Дар ин гўша фаъолияти кории онҳо аксҳояшон тачассум ёфтаанд. Додихудоев Р.Х. номзади илми филология, профессор (солҳои роҳбари 1980-1984), Приписнов В.И. номзади илми филология, профессор (солҳои роҳбар 1984-1990), Тараносова Г.Н. номзади илми филология, прфессор (солҳои робари 1990-1991), Абдуллоева М.Н. номзади илми филология, дотсент (солҳои роҳбарӣ 1991-2003), Ҷаборӣ М. номзади илми филология, профессор (солҳои роҳбари 2003-2011), Салими Н., номзади илми филология, академик (солҳои роҳбарӣ 2010), Зиёев Х.М. номзади илми филология, професор (солҳон роҳбари 2011-2015), Қосимзода И.Т. номзади илми педагоги, дотсент. (солҳои роҳбари 2015-2016) Раҷабзода М. номзади илми педагогй, дотсент (солҳои роҳбари 2015-2020), Гулназарзода Ж.Б. номзади илми филология, профессор (солҳои роҳбарӣ 2020).
Гушаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин гўша дар бораи муносибатҳои байналмилалии Донишгох бо дигар Донишгоҳои хориҷӣ мебошад. Хушбахтона, дар Донишгоҳ якчанд забонҳои хориҷӣ барои донишҷўён таълим дода мешавад.Ташрифи намояндагони сафоратҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ моро водор менамояд, ки робитаи дӯстонаи худро канда накунем.
Гўшаи Дастовардҳои муассиса яке аз гӯшаҳои беҳтарин ба шумор меравад. Ин гўша аз бурду бохт ва аз муваффақиятҳои пурсамари Донишгоҳ нақл мекунад. Дар ин гӯша сипосномаҳо, грамотаҳо, ифтихорномаҳо, миннатдорномаҳои хаттиро чой додаем, ки барои Донишгоҳ аз ҳар мақомоти давлатӣ тақдим карда шудаанд.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru