Докторантура

Докторантура аз рӯи ихтисос PHD

         Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ – таҳқиқотие таъсис дода мешавад, ки аз рӯи самт ва ихтисоси докторантураи таъсисдодашаванда аз рӯи ихтисос такягоҳи таълимӣ, илмӣ ва кадрии мувофиқ доранд.

Докторантура аз рӯи ихтисос бо пешниҳоди муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Мақсади таъсис додани докторантура аз рӯи ихтисос иборат аст:

 -дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо;

 – амалӣ намудани ҷараёни таҳсилот мутобиқи принсипҳои таҷрибаи байналмиллалии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олии дар бозори меҳнат рақобатпазир. Бо ин мақсад докторантҳо аз рӯи ихтисос аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти мубрам, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд.

 Айни замон дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии Донишгоҳ 37 нафар докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамояд. Таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯйи 5 ихтисос ба роҳ монда шудааст.

Дар зинаи докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) 36 нафар докторантон аз рӯйи 8 ихтисос таҳсил менамоянд:


Рамз
Номи ихтисос
1.      
6D020500
Филология
2.      
6D011300
Забоншиносӣ
3.      
6D011700
Забон ва адабиёти тоҷик
4.      
6D011800
Забон ва адабиёти рус
5.      
6D011900
Назария ва методикаи таълимӣ ду забони хориҷӣ
6.      
6D020700
Кори тарҷумонӣ
7.      
6D020200
Муносибатҳои байналхалқӣ
8.      
6D021001
Филологияи хориҷӣ

 
НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РЎЙИ ИХТИСОС (PhD)

     1.     Ариза ба номи ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода   (ихтисос, кафедра, рақами телефон нишон дода шавад);
2.     Нусха (копия) – и нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳоитаҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
3.     Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
4.     Шарҳи ҳол;
5.     Хислатнома (характеристика);
6.     Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба докторантура супорида шуда бошад);
7.     Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;
8.     Маълумотномаи тиббӣ (Ш – 038);
9.     Маълумотномаи ҷойи истиқомат
10. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ    шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
11.  Мактуби тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
12. Ризоиятномаи роҳбари илмӣ.