«Гимназия»-и назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Дар асоси дархости Донишгоҳ моҳи апрели соли 2024 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба гимнази мазкур иҷозатномаи №0005146, аз 08.05.2024 бо фарогирии 350 нафар хонанда ва 60 нафар хонанд дар маркази инкишофи кӯдак ба муҳлати амали номаҳдуд дода шуда буд.
Гимназия баъди гирифтани иҷозатнома ба фаъолият оғоз намуд ва фаъолияти худро дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Оинномаи Муассисаи таълимии давлатии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ва “Низомномаи гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ба роҳ монда истодааст.
Таҳсил дар Гимназия тибқи “Низомномаи гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар Гимназияи дар 21 синф 490 нафар хонанда таҳсил карда истодаанд, ки аз ин шумораи синфҳо 7 синфи як (дар1 синф таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 2 синф таҳсил бо забони англисӣ , дар 4 синф таҳсил бо забони русӣ), 4 синфи 2 (дар 3 синф таҳсил бо забони русӣ, дар 1 синф таҳсил ба забони англисӣ), синфҳои 3 (аз 3 синф иборат буда, дар зар се таҳсил бо забони русӣ), синфи 4 аз 2 синф иборат буда, таҳсилашон бо забони русӣ, синфи 5 аз се синф иборат буда, таҳсилашон ба забони русӣ, синфи 6 аз ду синф иборат буда, таҳсилашон бо забони русӣ мебошад. Аз шумораи умумии хонандагон 261 нафар писарон ва 229 нафар духтарон мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон 42 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 8 нафар мард ва 34 нафар зан мебошанд.
Дар Гимназия таҳсил аз синфи 1 то 7 ба роҳ монда мешавад. Раванди таълим дар асоси барномаҳои таълимии тасдиқгардида ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Барномаҳои таълимӣ фарогири ҳамаи зинаҳои таҳсилот буда, ба омӯзиш ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон равона гардидаанд. Омӯзиш бо назардошти синну сол, сатҳи дониш ва қобилияти хонандагон ташкил карда мешавад.
Гимназия барои хонандагон чунин шароит ва имкониятҳоро фароҳам меорад:
- таълими босифат бо истифодаи усулҳои муосири таълим;
- истифодаи технологияи муосири таълим;
- иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- омӯзгорони болаёқат ва дорои дараҷаҳои касбӣ.
- муҳити солими таълимӣ ва тарбиявӣ;
- рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва зеҳнии хонандагон.

Джамирова Лемарра Иосивна
Вазифа: Директор;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони русӣ;

Икромиддини Исломӣ
Вазифа: Муовини дирктор оид ба тарбия;
Дараҷаи илмӣ: Доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
Дар Гимназия фанҳои зерин тадрис мешаванд:
- Забон ва адабиёт: забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ;
- Фанҳои дақиқ: математика, информатика, алгебра, геометрия, физика;
- Фанҳои табиӣ: биология;
- Фанҳои ҷамъиятӣ: таърих, геграфия;
- Фанҳои тарбиявӣ ва иловагӣ: тарбияи ҷисмонӣ, санъат (расмкашӣ, мусиқӣ, забони хитоӣ, кореягӣ, олмонӣ)
Дар гимназия барои баланд бардоштаи сатҳи дониш ва тарбияи хонанадагон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ пайваста ба роҳ монда мешаванд.
Дар самти таълим хонандагон ба натиҷаи назаррас ноил гардида, сатҳи азхудкунии донишҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Хонандагон дар озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Дар самти тарбия бошад, дар Гимназия ба рушди ахлоқӣ, ватандӯстии хонандагон, дар онҳо тарбия кардани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва қонунгузорӣ диққати махсус дода мешавад. Хонандагон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъитии Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, қобилиятҳои эҷодӣ ва малакаҳои ҳаёти иҷтимоии худро инкишоф медиҳанд. Ҳамчунин, дар муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва пешгирии рафторҳои номатлуб мунтазам гузаронида мешаванд.
Дар Гимназия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва рушди қобилияти хонандагон усулҳои муосири педагогӣ ва навовариҳои таълимӣ васеъ истифода мешаванд.Омӯзгорон дар раванди дарс аз методҳои фаъол ва интерактивӣ истифода мебаранд,аз ҷумла:
- кори гурӯҳӣ;
- мубоҳиса ва саволу ҷавоб;
- усули “ туфони фикрӣ” (brainstorming);
- бозиҳои таълимӣ;
- таҳлили вазъиятҳо( case study).
Ҷиҳати ворид намудани навовариҳо омӯзгорон усулҳои таълими инфиродӣ ва тафриқавӣ (дифференсиалӣ)- ро истифода бурда, бо назардошти қобилияти ҳар як хонанда таълимро ба роҳ мемонанд. Ҳамчунин дар ин муассисаи таълимӣ таҷрибаи пешқадами омӯзгорон омӯхта ва паҳн карда мешавад, инчунин, ба ин мақсад дарсҳои кушод мунтазам баргузор мегарданд.
Гимназия дорои пойгоҳи моддию техникӣ, маҷмуи шароит ва воситаҳои таълимие мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълим истифода мешавад.
Пойгоҳи моддию техникии Гимназия:
- синфхонаҳо– бо мизу курсӣ ва тахта ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд;
- синфхонаи компютерӣ – бо компютер, интернет ва барномаҳои таълимии комютерӣ;
- тахтаи электронӣ – барои истифодаи усулҳои муосири таълим;
- толори варзишӣ – барои машғулиятҳои ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ;
Пойгоҳи моддию техникӣ ба баланд бардоштани сифати таълим дар Гимназия мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, ки дарсҳо бо усулҳои муосир гузаронида шаванд ва шавқу завқи хонандагон ба омӯзиш зиёд гардад.
Гимназия бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон бо муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст, аз ҷумла:
- бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ташкили вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён, сафарҳои шиносоӣ ва машваратҳо барои интихоби касб;
- бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россия бо номи Дмитрий Менделеев дар Тоҷикистон;
- бо маркази илм ва фарҳангии Россия “Русский Дом”.
Номи муассиса: Гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев,17/6
Телефон: +992 909 52 76 67
Почтаи электронӣ: gdbzht@bk.ru
Соатҳои қабул: Душанбе –Ҷумъа: 8:00-15:00
