Шуъбаи кор бо ҷавонони ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода
Раҷабалиева Шаҳло Раҷабалиевна
ТАҲСИЛОТ
Соли 2003-2008 Донишгоҳи миллииТоҷикистонро хатм намудааст.
Соли 2018 Хатмкунандаи донишгоҳи NIRD-и Ҷумҳурии Ҳиндустон
Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти тоҷик.
ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ
2006 – ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кадрҳои Раёсати маорифи ш. Душанбе шурӯъ кардааст.
2008- 2009 ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолияташро дар мактаб-интернати №4-и Ш. Душанбе идома додааст.
2009-2011 ҳамчун лабаранти калони шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти АИ ба номи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Дар ҳамин солҳо ҳамчунин хабарнигори шартномавии рӯзномаи “Ҳифзи табиат”- и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” низ будааст.
2011 то ноябри соли 2021 ҳамчун журналист дар МД ТВ “Сафина” фаъолият кардааст.
2022 то моҳи январ соли 2023 дар шуъбаи таҳлилу иттилооти ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода фаъолият намуда, аз моҳи феврали ҳамин сол ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи мазкур фаъолият дорад.
ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДӢ
“Достони нотамом” аввалин маҷмуаи мураттиб Шаҳло Раҷабалиевна ҳаст, ки оиди ҳаёт ва фаъолияти профессор Талбак Салимов қисса мекунад.
Оиладор соҳиби се фарзанд
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДБЗХТ БА НОМИ С. УЛУҒЗОДА
Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишгоҳ мансуб меёбад. Шуъба барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мондааст.
Шуъбаи кор бо ҷавонон аз мақсад ва вазифаҳои зерин иборат аст:
• Иштирок дар амалӣ гардидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон».
• Саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мактаби олӣ оид ба масъалаҳои донишҷӯён.
• Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷӯён, кормандон ва олимони ҷавон.
• Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон.
• Ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва маълумот.
• Ҷалб кардани ҷавонону донишҷӯён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон.
• Тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забон ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд.
• Ташкил кардани шуро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои донишҷӯён.
• Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ оиди масъалаҳои ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯён.
• Мусоидат ва саҳмгузорӣ дар самти рушди фарҳангу маданият ва корҳои эҷодии донишҷӯён.
• Дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои судманд, ки баҳри тараққӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии донишҷӯён нигаронида шудаанд.
• Барқарор сохтани робитаву алоқа ва ҳамкориҳои муфид бо ташкилотҳои марбут ба ҷавонон.
• Ҳимоя ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои донишҷӯён, кормандон, олимони ҷавон ва ташкилотҳои онҳо.
• Омӯзиш ва ба низомдарории пешниҳодоте, ки аз ҷониби донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо дар масъалаи беҳдошти иҷроиши Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сурат мегирад. Дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароғатии донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо.
• Гузаронидани фестивалҳо, конфронсҳо, вохӯриҳо, намоишҳо, маҳфилҳо, озмуну мусобиқаҳо семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷӯён ва олимони ҷавон.
Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба айни ҳол 2 нафар корманд фаъолият менамояд:
• мудири шуъба; Раҷабалиева Шаҳло
- мутахассис; Қарахонзода Муҳаммаднодир.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
СТРАТЕГИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2020-2023